ЯК ШАҲРВАНДИ ХИТОЙ ДАР КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ГУМ ШУДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 августи соли 2023 хабар дод, ки Женг Хуанг, як шаҳрванди 42-солаи Ҷумҳурии халқии Хитой (Чин), ки дар Амрико ба сар мебурд, ҳанӯз як моҳ қабл, рӯзи 19 июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти мухтори бо Хитой ҳаммарзи Кӯҳистони Бадахшон нопадид шудааст.
Бино ба иттилои ВКД, 22-юми июли соли 2023, аризаи шаҳрванд Қосимов Дониёр Замирович, соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мурғоб, ҷамоати деҳоти Мурғоб, кӯчаи Бердибеков, хонаи 2, ронандаи ширкати сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон «Визит Алай», оиладор, соҳиби 5 фарзанд, пеш суд нашудааст, оид ба ғайб задани шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин Женг Хуанг (ZHEG XUAG), соли таваллудаш 11 октябри соли 1981, истиқоматкунандаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ворид гардид. Дониёр Қосимов хабар додааст, ки Женг Хуанг санаи 19 июли соли 2023 ба самти деҳаи Хиҷези ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон рафта, бедарак шудааст.
ВКД дар иттилоияаш гуфт, бо мақсади муайян ва дарёфт намудани шаҳрванди гумшудаи Хитой Женг Хуанг гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рушон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо кумаки қувваҳои ёрирасон ва аҳли ҷомиа ба ҷустуҷӯи ӯ шурӯъ кардаанд.
Дар иттилоия омадааст, ки ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ва комендатураи сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Рӯшон соҳилҳои дарёҳои Бартанг ва Панҷ аз назар гузаронида шудаанд.
ВКД гуфт, инчунин, бо мақсади ёфтани шаҳрванди гумшудаи Хитой ҳамаи шикорчиёну даҳмардаҳо ва сокинони деҳаҳои гирду атрофи ҷойи ҳодиса барои дарёфт намудани сайёҳи хитоӣ сафарбар гардидаанд. Вале ин ниҳод эътироф кард, ки бо вуҷуди қариб як моҳи ҷустуҷӯ то ҳол нишоне аз ин сайёҳ пайдо накардаанд.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “дар робита ба ҳодисаи беному нишон гум шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Женг Хуанг аз 24-уми июли соли 2023 парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, зери назорат қарор дорад. Бинобар ин, оид ба дарёфт намудани сайёҳи гумшуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд”.
Сабаби аз Амрико ба Бадахшон омадани ин шаҳрванди Чин маълум нест, ки оё барои сайёҳӣ ваё кӯҳнавардӣ омада буд ё бо ягон мақсади дигар? Қарори маълум, бархе дигарандешони хитоӣ, ки аз таъқиби мақомоти Хитой дар кишварҳои дигар паноҳ мебаранд, барои дидор бо наздикони худ аз кишварҳои бо Хитой ҳаммарз истифода мебаранд.

