ДАР ИШКОШИМ ЯК ЗАН БО ДУХТАРЧАИ ҲАФТСОЛААШ ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН МОНДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар хабар дод, ки дар ҳарду ҳолат ҳам пиёдагардон ҷон бохтаанд.
Аз ҷумла рӯзи 18-уми августи соли 2023, тахминан соати 13:45 ронандаи мошини тамғаи “Форд Пикап”, Қурбонмамадов Абдимамад Мирмамадович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат дар километри 182-уми роҳи мошингарди “Хоруғ-Ишкошим-Тускул” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Фармонбекова Гулрӯ Рамонбековна, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ишкошим ва духтари ноболиғаш Шогунбекова Элнура Сайфидиновна, соли таваллудаш 2016-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагардон Фармонбекова Г.Р. ва Шогунбекова Э.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, сипас дар беморхона Фармонбекова Г.Р. ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шоми 17-уми августи соли 2023, тахминан соати 20:05-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Gret Waii Poer”, Қаюмзода Раҷабалӣ Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти қисмати болои шаҳри Роғун, дар гардиши кӯчаи Ҷавонон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Зокиров Муҳсин Муҳибович, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Зокиров М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ду садама идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.