ҚАМАР АЗИЗОВ – ЯК ЧЕҲРАИ АСОСӢ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ КИСТ?
Яке аз нахустин нафароне, ки дар пайи рабудан ва қатли бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев зери шубҳа қарор гирифт ва боздошт шуд, Қамар Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд. Қамар Азизов инак қариб ду моҳ боз дар ҳабс қарор дорад ва писари ӯ Билол Азизов, ки дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” кор мекард, баъди боздошти падараш аз кор ронда шудаву чандин дафъа дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадотарини моҳҳои ахир таҳти бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Манобеи гуногуни наздик ба ҷараёни тафтишоти парвандаи рабудани Шуҳрат Исматуллоев ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки Қамар Азизов дар баробари раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Рустам Холиқов, ки моҳи март, ҳанӯз то рабудани Исматуллоев барои ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт шуда буд, яке аз чеҳраҳо, ё фигураҳои калидӣ дар ин қазияи одамрабоӣ ва куштор дониста мешавад.
Қамар Азизов аз хонаводаи ҳунармандони маъруф Қайсу Достону Зулфиқор Азизовҳо буда, бародари асосгузорони гуруҳи дар вақташ овозадори “Анис” мебошад, вале ба фарқ аз бародарони овозхонаш асосан ба тиҷорат машғул будааст.
Қамар Азизов аз ҷумла бо Шуҳрат Исматуллоев тиҷорати хонасозӣ дошт ва ба гуфтаи як манбаи “Бомдод”, маҳз ӯ ба одамрабоён дар бораи бо биткоин маблағи зиёд ҷамъ овародани ин шарики тиҷоратиаш маълумот додааст. Бино ба як фарзия, сабаби ба ин роҳи каҷ рафтани Қамар Азизов гӯё ба маблағи 3 миллион доллар қарздор шуданаш аз Шуҳрат Исматуллоев гардидааст.
Манобеи “Бомдод” мегӯянд, гуруҳи “Дилшоди Красавчик” алакай дуюмин гуруҳе буд, ки Қамар Азизов барои рабудани Шуҳрат Исматуллоев фиристода буд. Гуруҳи аввал барои анҷоми ин кор ҳатто як мошини ВАЗ 2114 харида, аз паси кор шудаанд, вале мошини онҳо дар ними роҳ аз кор баромадааст. Ба болои ин, кормандони БДА мошини вайронаи онҳоро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз хонаи Исматуллоев чандон дур нест, бурдаанд. Одамрабоён тавонистаанд мошини худро аз шуъбаи милиса бароранд, вале азбаски ҳам мошинашон ва ҳам чеҳраву шахсияти худашон ба кормандони милитсия ошкор шуда буд, Қамар Азизов аз идомаи истифодаи ин гуруҳ даст кашида, гуруҳи дуюм ба раҳбарии Дилшоди Красавчикро ба ин кор сафарбар кардааст.
Шоми 23 июни соли 2023 аъзои ин гуруҳ Шуҳрат Исматуллоевро аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розӣ дар маҳаллаи 8 Март рабуда, ба як манзили иҷорагирифтаашон дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурданд. Баъди 7 соати азобу шиканҷа Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн дар ҳамон хона ҷон додааст ва одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошине, ки барои рабуданаш истифода шуда буд, бурда, дар километри 130юми роҳи Душанбе Хуҷанд ба дарё партофтаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ, рӯзи 12 август аз дарёи Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразм дар канори шаҳри Панҷакент пайдо карданд.
Рустам Ашӯров, яке аз одамрабоён, ки дар роҳи фирор дар фурудгоҳи Кишинёв ду касро кушта, худаш низ ҳангоми боздошт захмӣ шуд ва дар бемористони Молдова ҷон дод, пеш аз маргаш ба модари худ эътироф кард, ки Исматуллоевро барои биткоинҳояш, ки гӯё ба маблағи аз 100 то 200 миллион доллар будааст, рабудаанд, вале Дилшоди Красавчик бо мақсади ба даст овардани коди биткоинҳо ӯро чунон задааст, ки ӯ ҷон додааст.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, ки аз 16 узви гуруҳи одамрабоён, ки дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев даст доштанд, 13 нафараш алакай дастгир шудаанд. Вале аз ин гуруҳи одамрабо Рустам Ашӯров дар Молдова кушта шуд ва Дилшоди Красавчик бо дастикам яке аз шариконаш ба Русия фирор карда, ба иттилои манобеи “Бомдод”, дар яке аз пойгоҳҳои ЧВК “Вагнер” дар сарзаминҳои ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.


Камари қамар шикаста бод, лаънати худо бар қамар касифи шармандаи ҳарду дунё, пулро дар шиками ҳаром хӯрда, баргардонида натавонистӣ, аз хонаводаи исматуллоевҳо хоҳиш менамоям, ки тамоми молу дороиҳои ин авлоди ҳаромхӯр ва 16-нафари дигарро ба нафъи фарзандони шӯҳрат мусодира намоянд ва афродро ба зуболадони зиндон андозанд.