ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК НАРКОБАРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ 11 СОЛИ ФИРОР ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД

Маркази матбуоти ВКД Русия рӯзи 18 августи соли 2023 хабар дод, ки як қочоқбари маводи мухаддир аз Тоҷикистонро баъди 11 соли ҷустуҷӯ дар шаҳри Маскав дастгир кардаанд

Бино ба иттилои нашршуда, шаҳрванди Тоҷикистон Комрон Сафаралиев дар пойтахти Русия аз ҷониби кормандони дафтари миллии Интерпол якҷо бо кормандони шуъбаи Интерпол ва идораи ҷустуҷӯи ҷиноии шаҳри Маскав дастгир шудааст.

Дар бораи кай, чӣ гуна ва дар куҷои Маскав дастгир шудани Сафаралиев ягон тафсилоти дигар дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ ҳоло дар кадом боздоштгоҳ қарор дорад. Танҳо гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди ӯ ба кишвари ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ, яъне ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад. Мақомоти Русия маъмулан онҳоеро, ки дар чунин ҷиноятҳо даст доранд, хеле зуд ва бидуни мушкил месупорад.

Худи Комрон Сафаралиев ваё наздиконаш барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале ВКД Русия гуфт, ки ӯ дар ватанаш, Тоҷикистон, ба қочоқи миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир айбдор мешавад ва ба ҳамин далел, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифта буд.

 “Бино ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, моҳи июли соли 2012 дар қаламрави вилояти Хатлони ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ доир карда мешуд. Ҳангоми кӯшиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои кофтукоби мошине, ки аз сӯи Комрон Сафаралиев идора мешуд, ӯ тавонист, ки фирор кунад. Баъдан мақомот мошини ӯро пайдо карда, аз дохилаш беш аз 61 кило бангдона гирифтанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти ВКД Русия дар шарҳи ин парванда.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

 Бино ба омори Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ қариб 2,5 тонна, дақиқтараш 2 тоннаю 476,7 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 391 ҷинояти марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир ошкор карда шудааст.

Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, тақрибан чоряки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button