ОШКОР ШУДАНИ СЕ ДУЗДӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ВА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17 августи соли 2023
Кушода шудани се ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 17 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, шаби 26 ба 27-уми июли соли 2023, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6 ҳазор сомонӣ ва либосҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 26-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, гумонбаршавандагон аввалҳои моҳи майи соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 50-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

