
Пулис дар ҷараёни ду рӯзи рейдаш дар базаи меваву сабзавоти Софийская, воқеъ дар кӯчаи Софийская дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт-Петербурги Русия садҳо муҳоҷирро дастгир кардааст. Аз ҷумла беш аз 100 муҳоҷири собиқро, ки алакай шаҳрвандии Русия доранд, дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фрунзе бурдаанд ва дар қайд мондаанд. Ин нигарониеро ба вуҷуд овардааст, ки онҳоро барои фиристодан ба ҷанги зидди Украина сабти ном мекунанд.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рӯзи 16 августи соли 2023 дар иттилоияш барои сабти ном дастгир кардану ба комиссариати ҳарбӣ бурдани афроди соҳиби шаҳрвандии Русияро “як иқдоми нав” дар ҷараёни рейдҳои зидди муҳоҷирон номид.
“Рейди дурӯза дар базаи меваю сабзавоти Софийская ҳам барои пулис натиҷа овард ва ҳам барои комиссариатҳои ҳарбӣ. Дар ҷараёни тафтиши санадҳо ҳудуди 400 нафар тафтиш карда шуданд. Аз ин шумор 55 нафар дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд. Як гуруҳи ҳамватанони онҳо, ки алакай шаҳрванди Русия шудаанд, низ тафтиш шуданд. Пулис аз чунинҳо беш аз 100 нафарро пайдо кард. Қариб ҳамаи онҳо барои сабти ном ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуданд “, – нақли қавл кардааст хабаргузории ТАСС аз иттилоияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба зидди як муҳоҷир бо иттиҳоми тақаллуби аснод парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Дар базаи меваву сабзавоти Софийская, ки яке аз базаҳои бузургтарин дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ба шумор меравад, садҳо муҳоҷир, аз ҷумла даҳҳо нафар аз Тоҷикистон кор мекунанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград инак 5 рӯз боз амалиёти “Мигрант” идома дорад. Тайи 5 рӯзи рейдҳо пулис 5700 ҳолати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратро ошкор кардааст ва ҳудуди 500 муҳоҷири хориҷиро бо мақсади ихроҷ аз Русия дар боздоштгоҳҳои вижа маҳкам кардааст. Пулис хабар дод, ки бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар умум 300 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Пулис бо такя ба маълумоти додаи сокинон сурат гирифтани рейдҳои ахирро як вижагии онҳо номид ва гуфт, ҳамкории сокинон имкон медиҳад, ки маконҳои таҷаммӯи муҳоҷирон ва ҳолатҳои будубоши ғайриқонунии онҳо аз пеш муайян карда шавад.
“Қаблан чунин рейдҳо ба сурати умумӣ доир карда мешуд. Шеваи нави бархӯрд омӯзиш ва таҳлили шикоятҳои сокинонро, ки аз тариқи рақами 02 ба пулис ирсол мешаванд, фаро мегирад. Дар натиҷа пулис аз қабл “харитаи роҳ” дар бораи маконҳои будубоши муҳоҷирон ва қонунро вайрон кардани онҳоро ба даст меорад. Барои мисол, сокинони ноҳияи Всеволожск, тавре ҳам интизорашро доштем, аз муҳоҷирони таксирон ва рафтори ҳавобаландонаи хориҷиён дар маконҳои ҷамъиятӣ шикоят доранд Сокинони ноҳияҳои Марказӣ, Киров ва Маскав аз садои баланди хориҷиёне, ки дар хонаҳои бисёрқабата гуруҳ-гуруҳ зиндагӣ мекунанд, шикоят мекунанд. Сокинони биноҳои атрофи истгоҳи метрои “Улица Дыбенко”низ аз рафтори муҳоҷирони таксирон норозианд. Ин гуна маълумоти аз сокинон бадастомада имкон дод, ки ниҳодҳои мухталифи пулис: ГАИ, ДТП, пулиси зидди маводи мухаддир ва ҳам пулиси муҳоҷират бо самараи бештар ба рейдҳо ҷалб карда шаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.
Тайи чанд моҳи охир дар гӯшаҳои гуногуни Русия рейдҳои зидди муҳоҷирон хеле афзоиш ёфтааст. Қаблан вазири корҳои дохилӣ, додситони кул ва омбудсмени Тоҷикистон аз мақомоти Русия хоста буданд, ки зимни тафтиши ҳолатҳои вайрон шудани қоидаҳои будубош дар кишварашон тибқи қонун рафтор карда, ҳуқуқи муҳоҷирон аз Тоҷикистонро поймол накунанд. Дар Душанбе бар инанд, ки дар рейдҳои ахир аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик осеб дидаанд.







