ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҒОРАТГАР ДАР ҲИСОР ШАБОНА ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК СОКИНРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16 августи соли 2023

Боздошт гардидани марди ғоратгар

146

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми августи соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар кӯчаи Б.Ғафурови ҳамин шаҳр шахси номаълум ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, бо тариқи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А21” ва 440 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобии марди 36-сола

vzyatka

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2023, марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки тавассути ширкати боркашонӣ молҳои тиҷоратии ӯро дастрас менамояд, аммо маблағашро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, моҳи октябри соли 2021 дар кӯчаи Қазоқони пойтахт ба бовариии марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои рушди иқтисодӣ 23 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button