ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЧОР НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК НАВРАСУ ЯК ТИФЛИ ШИРМАК ДАР СЕ САДАМА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 14-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Расулов Аҳмадхон Раҳматджонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми бо суръати баланд ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар километри 54-уми шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи “Шагман-Миксер”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Шамсиддин Асатуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Расулов А.Р. ва мусофиронаш: Маҳмадалиев Ҳоҷиакбар Маруфҷонович, соли таваллудаш 1997, Амиралиев Файзулло Шавкатҷонович, соли таваллудаш 2001, Темиров Анвар Уктамович, соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Турсунзода ва ноболиғ Расулов Маҳмадалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Дар беморхона, Расулов А.Р. ва ноболиғ Расулов М.Ш. ба ҳалокат расидаанд.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки субҳи барвақти 12-уми августи соли 2023, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс-180», Негматов Маҳмудҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 1992, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи 34-ум ба маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, дар роҳи мошингард аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пайдевори истгоҳи «Наврӯзгоҳ» бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур, Алимова Муҳаббат Абдуҳамидовна, соли таваллудаш 1974, чароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми августи соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Абдуллоев Ҳасан Зайдуллоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Нозимов Рустамҷон Маҳмадёрович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рашт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Абдуллоев Ҳ.З. ва мусофирони хурдсол: Абдуллоева Рухшона Рустамовна, соли таваллудаш 2017, Абдуллоева Моҳитобон Рустамовна, соли таваллудаш 2020 ва Абдуллоева Мавлуда Рустамовна, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Роғун, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Сипас, хурдсол Абдуллоева Мавлуда Рустамовна дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button