АфғонистонВидеоДин ва боварҳоСиёсат

“АСОСИ ШАРЪӢ НАДОРАД…” ТОЛИБОН ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСИРО МАНЪ КАРДАНД

Вазири адлияи ҳукумати “Толибон” рӯзи 16-уми августи соли 2023 эълон кард, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар қаламрави Афғонистон ба таври комил мамнӯъ аст.

Абдулҳаким Шаръӣ, ки вазифаи вазири адлияи ҳукумати “Толибон”-ро ба ӯҳда дорад, дар барномаи “Ҳисобдиҳии давлат ба миллат” таъкид намуд, ки “фаъолияти аҳзоби сиёсӣ асоси шаръӣ надорад, ба нафъи миллат нестанд ва мардум онро намехоҳанд”.

Бино ба гуфтаи ин мансабдори “Толибон”, ҳукумати онҳо тамоми қонунҳои худро мутобиқ ба “шариати исломӣ” (дар назар аст Қуръон, ҳадисҳои Паёмбар ва фиқҳ) танзим мекунад. Ҳамчунин Абдулҳаким Шаръӣ ёдовар шуд, ки “шаръӣ кардани қавонин дар таърихи Афғонистон собиқаи гузашта надорад”.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз ғасби Афғонистон  аз ҷониби”Толибон” ва ба сари қудрати сиёсӣ расидани ин гурӯҳ, аксари роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Афғонистон ва сиёсатмадорони афғон, хоки кишварашонро тарк намуда ва баъзе аз роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти сиёсии худро дар хориҷа ба роҳ монда, умдатан бар зидди “Толибон” мубориза мебаранд.

Ҳамчунин вазири адлияи “Толибон” дар ин нишасти хабарии худ гуфт, ки дар як соли гузашта 38 санади қонунӣ ва 10 тарзуламал дар вазорати адлия таҳия ва барои баррасӣ бо роҳбари “Толибон” дар миён гузошта шудааст.

Бино ба гуфтаи  Абдулҳаким Шаръӣ, ҳукумати “Толибон” дар як соли гузашта ба 400 нафар аз вакилони мудофеъ шаҳодатномаи вакилӣ додаанд. Ҳамчунин ин вазоратхона дар як сол 752 парвандаи ҳуқуқиро баррасӣ намуда, ба 298 тан аз гумонбаршудагон ёрии ҳуқуқии ройгон расонидаанд.

Ин суханон замоне аз тарафи намояндаи режими “Толибон” садо медиҳад, ки аз замони ба сари қудрати сиёсӣ расиданашон дар Афғонистон 2 соли комил гузашт. Коршиносони Созмони миллали муттаҳид дар як гузориши худ аз рафтори ҳукумати “Толибон” дар тӯли ин 2 сол сахт танқид ва таъкид кардаанд, ки “ин гурӯҳ ягон тағйире аз “Толибон”-и солҳои гузашта накардааст”.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки 15 августи соли 2023 бахшида ба муносибати дувумин солгарди ба сари қудрат расиданашон нашр шуд, гуфт, ки “ҳукумати “Толибон” абадӣ аст”.

Вале бо гузашти 2 сол ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст ва ҳатто наздиктарин муттаҳидонаш аз амалкарди онҳо дар баробари ҳуқуқи занон ва дигар мушкилоти ба сари мардуми Афғонистон оварда, танқид мекунанд. “Толибон” бошанд ҳамагуна эродҳои ҷомеаи ҷаҳониро нодида гирифта, ба такрор мегӯянд, ки “ин ҳама масоили дохилии Афғонистон аст ва кишварҳои хориҷӣ набояд ба он дахолат кунанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button