
Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Каримов) рӯзи 13 августи соли 2023 ба синни мубораки 60 расид. Озарахш ва ҳамсараш Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) имсол мусибати сахтеро паси сар карданд: моҳи апрели соли ҷорӣ писари ягонаи онҳо Ҳумоюн, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, ба таври мармуз дар дарёи Сир ғарқ шуд ва дар қалби падару модари шуҳратёри худ ва боқии наздикон доғи ҷудоӣ гузошт.
Озарахш (Толиб Каримов) 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, соли 1985 бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1986-1989 дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, солҳои 1989-1992 ба ҳайси мудири Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), солҳои 1992-2002 ҳамчун муҳаррири телевизиони вилоят кор карда, аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд ва аз соли 2015 сардабири маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” мебошад.
Озарахш аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 2019 унвони Шоири халқии Тоҷикистонро ба даст овард. Озарахш ва Фарзона танҳо зану шавҳаранд, ки ин унвони баландтарини адабии Тоҷикистонро доранд.
Озарахш барандаи Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» ва Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ буда, соли 2012 бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Озарахш муаллифи китоби ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб», «Девони ишқ», «Ояндаҳо» аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд чоп шудаанд. Зиёда аз 10 намоишномаи Озарахш дар саҳнаи театрҳои кишвар (асосан дар Театри тамошобини наврас) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз ин шуморанд.
Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Озарахш нафақат ҳамчун шоир, балки ҳамчун овозхон низ шуҳрат дорад ва дар даврони донишҷӯӣ дар гуруҳи “Наврӯз”-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард.
Озарахш ҳамчун шоири таронанавис низ шуҳрати зиёд дорад ва даҳҳо таронаҳои пуртамошобини солҳои охир, аз ҷумла таронаҳои пуртамошобини Ҷонибеки Мурод ва овозхони ҷавонмарг Дамирбек Олимов бар матни Озарахш навишта шудаанд. Озарахш дар зарофатгӯӣ низ устод шумурда мешавад ва намунаҳои асарҳои ҳаҷвиаш дар расонаҳо зиёд чоп шудаанд.
Баъди даргузашти писари ягонааш Ҳумоюн аксари шеърҳои Озарахш дар бораи ӯст.
Дар гӯши дил нидоят ,,Ман омадам, падарҷон,,,
Овози ошноят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Пар мекашам зи ҷоям, дарвоза мекушоям,
Аммо куҷо садоят? ,,Ман омадам, падарҷон!,,
Ку рӯи нурборат, ҳастии гулнисорат,
Лабханди дилрабоят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Ку сарви қадди боло, ҳарфу каломи воло,
Бо лаҳни ҷонфизоят ,,Ман омадам, падарҷон!,,
Эй кош, бори дигар, аз кӯча, ё дами дар,
Ояд садои поят ,,Ман омадам, падарҷон,,
Обу ҳавои гардун холист бе Ҳумоюн,
Ку созу ку навоят? ,,Ман омадам падарҷон!,,
ххххххххххххх
Ҳодиса ашк мешавад, манзара гиря мекунад,
Фосила оҳ мекашад, хотира гиря мекунад
Вой, ба ин замон чӣ шуд, мулк чӣ шуд, макон чӣ шуд?
Кӯҳнаҷаҳон ба ҳоли худ шашдара гиря мекунад
Кишваракон ба сӯи ҳам тиру гулӯла мезананд,
Қалби замин даридааст, бефара гиря мекунад
Чӯли Ироқ хастаҷон аз хатари самуми ҷанг,
Шаҳри фаранг мотамӣ, пайкара гиря мекунад
Обу ҳавои Суриё ғаркаи хуну нафт шуд,
Мӯъмину кофари бараш яксара гиря мекунад
Ғуссаи Шарқу Ғарб гашт оташи хоки Украин,
Рӯд аланга мезанад, шаршара гиря мекунад
Модари русро чӣ ғам, Маскави синааш бисӯхт,
Кӯдаки курдро кӣ кушт? Анқара гиря мекунад!
Хонаи офият куҷост, дар ҳама даҳр, Озарахш,
Панҷа ба дар, ки мезанӣ, панҷара гиря мекунад…
ххххххххххххх
Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест.
Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест.
Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест.
Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест.
Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!
Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…
Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!
Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест!
ххххххххххххххххххххх
Тири ноҳақ пора кай созад дили ҳақҷӯйро?
Синаи афсонасози тоири ҳақгӯйро!
Зиндагӣ дар пеши мардони Худо бечорааст,
Ишқ медонад, ки чист ин марги рӯёрӯйро!
Қатраи хуне, ки бар санги замон афтодааст,
Мекунад рангин хаёли чашмарову ҷӯйро.
Решаи садбарги боғи шоир андар оби чашм,
То қиёмат зинда медорад дили худрӯйро.
Дар Зарафшон дафтари Ҳиндустони дигарест,
Хомаи Бедил расида кӯҳрову кӯйро.
То Самарқанду Бухоро зарри холис мекашад,
Қад-қади рӯди Зарафшон ошиқи заршӯйро.
Озарахш, аз Туғрали авҷи сухан бигрифтаам,
Бо дуъои Рӯдакӣ ин гулбуни хушбӯйро!

