ҶАЛОЛИДДИНИ МАҲМУД – ЯКЕ АЗ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ ДАР ЗИНДОН ВАФОТ КАРД

Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз раҳбарони зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар маҳбас дар синни 63 вафот кард. Видеои лаҳзаи аз зиндон баровардану ба мошин бор кардани ҷанозаи ӯ рӯзи 13 августи соли 2023 дар Интернет нашр шуд.
Афроди наздик ба хонаводаи Ҷалолиддини Маҳмуд ба пойгоҳи хабарии ”Бомдод” хабар доданд, ки маросими ҷаноза ва дафни ӯ ҳамин рӯзи якшанбеи 13 август дар деҳаи Чуқураки ҷамоати Навободи шаҳри Ҳисор, ки аҳли хонаводааш, аз ҷумла фарзандонаш дар ҳамон ҷо ба сар мебаранд, баргузор мешавад.
Ҷалолиддини Маҳмуд соли 2014 дастгир ва бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳамагӣ як сол баъди раҳоияш дубора боздошт ва ин бор ба шашуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ дар маҳбаси Ваҳдат (“Кирпичний”) адои ҳукм мекард.
Ҳамсуҳбатони “Бомдод” дар мавриди аз кадом иллат даргузаштани Ҷалолиддини Маҳмуд изҳори бехабарӣ карданд. Аммо дар поёни моҳи марти соли 2023 Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва маҳбусони сиёсӣ, як ниҳоди марбут ба оппозитсияи тоҷик, ки вазъи маҳбусони сиёсиро пайгирӣ мекунад, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии ӯ хабар дода буд, ки Ҷалолиддини Маҳмудро дар ҳолати вазнин ба бемористони дохили зиндон мунтақил ва бистарӣ кардаанд. “Шушҳояш об гирифта, як гӯшаш комилан намешунавад, бар гӯши дигараш баландгӯ гузоштаанд ва аз ноҳияи хичакаш варами шадид (грижа) шудаст ва фишораш болои 200 қарор гирифтааст”, хабар дода буд Саидисоқ Бобоев, як фаъоли мухолифин бо такя ба манобеи худ.
Ҷалолиддини Маҳмуд яке аз аъзои собиқадори ҲНИТ ва узви раёсати ин ҳизби мухолиф буд. Ӯ соли 1995, вақте дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ҳамчун узви комиссияи оташбас ба Душанбе омад ва баъди ба таври мармуз рабуда ва кушта шудани раҳбари нахустин ин комиссия аз ҷониби мухолифин Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов раҳбарии намояндагони мухолифинро дар ин ниҳод ба дӯш гирифт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 Ҷалолиддини Маҳмуд то замони боздошти якумаш дар соли 2014 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз ҲНИТ буд.
Соли 2014 ӯро бо ҷурми дар солҳои 90 дар хонаи як ҳамсояаш дар деҳаи Чуқурак пинҳон кардани як туфангча дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум карданд. Ин парванда бар асоси шикояти келини собиқи он хонавода кушода шуда буд.
Соли 2019 Ҷалолиддини Маҳмуд озод шуд, вале алакай соли 2020 дигарбора ҳамроҳи 6 тани дигар дастгираш карданд ва ин бор бар асоси моддаи 307 бо ҷурми гӯё кӯшиши таъсиси дубораи шуъбаи ҳизби мамнӯи наҳзат дар дохили Тоҷикистон ба шашуним сол маҳкум шуд. Ин иттиҳомро нозирон бофта меномиданд ва мегуфтанд, сабаби асосии парвандаи дуюми Ҷалолиддини Маҳмуд ва он 6 нафари дигар дарёфти кумаки пулӣ аз ҳамсафони собиқи ба хориҷ фироркардаашон буд.
Як нафари огоҳ аз ин парванда ба “Бомдод” гуфт, ки дар ҷараёни тафтишот Ҷалолиддини Маҳмуд аз муфаттишон батакрор хоҳиш мекард, ки ӯро ҳар ҳукме, ки мехоҳанд бидиҳанд, вале ҳамроҳонашро, ки гуноҳе надоранд, раҳо кунанд…



Худо раҳматаш кунад, вале ҳизбе, ки ӯ собиқадораш буд, ҳизби муносибе набуд ва нест, чун дар авоили истиқлол бо силоҳ вориди майдон шуданд, кишварро ба хоку хун кашиданд, 300-ҳазор тоҷик кушта шуд, миллионҳо нафар мотам гирифтанд, дини ислом чунон бадном шуд, ки то ҳол саркӯби касоне, ки ба дину мазҳаб пойбанданд, идома дорад. Оё миллате, ки 70-сол (дур аз дин) бо идеологияи бегона (коммунистӣ) зистаасту ба зӯр дар хуну пӯсту гушту устухонаш ғояҳои динситезӣ сабзидааст, шоистаи тирборонро дорад ё лоиқи насиҳату маслиҳату машварату даъвату таблиғу ташвиқ аст (ки аввалиро ҳнит салоҳ донист)?? Худи паёмбар (с) 13-соли аввали биъсат (оғози рисолати паёмбарӣ) ба араби ҷоҳил (арабҳо қабл аз ислом лақаби “ҷоҳил” доштанд) фикр карданро ёд дод, тоҷикони ҷоҳил набуданд, мусалмонзодаи дур аз дин буданд, аммо ҳнит бо зӯри силоҳ тору морро сар кард, дар ҳоле, ки худованд мефармоянд: (لَآ إِكْرَاهَ فِى ٱلدِّينِ ۖ) дар дин маҷбурӣ нест!!!
Худованд мехоҳад, ки бандагонаш аз рӯйи муҳаббату ихлосу тақво ба сӯйяш бираванд, на аз рӯйи тарсу ҳаросу маҷбурию тиру туфанг!!!