ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН! 5 КУШТА ВА 16 ЗАХМӢ ДАР 4 САДАМАИ ДУ РӮЗИ ОХИР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 12 августи соли 2023 аз ҳалокати 5 нафар ва ҷароҳат бардоштани 16 тани дигар дар 4 садамаи ду рӯзи охири 10 ва 11 август дар ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Ш.Шоҳин ва Хуросон хабар дод ва матлаби худро дар бораи ин садамаҳои марговар хитол ба ронандагон “Эй сорбон, оҳиста рон!” унвон кардааст.
Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ, ки як кушта ва 9 захмӣ ба ҷо гузошт, соати дуи нисфирӯзии 11 август дар Данғара бар асари ба мошини сабукрави “Опел Астра” бархӯрдани микроавтобуси “Мерседес Спринтер” рух дода, соати яки шаби 11 август бар асари ба чуқурии канори роҳ чаппа шудани мошини “Тойота Марк 2” дар деҳаи Ҳуснободи ноҳияи Рӯдакӣ ронанда ва як мусофираш ба ҳалокат расида, се кӯдак, ки низ савори ин мошин буданд, ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои ВКД, 11-уми августи соли 2023, тахминан соатҳои 14:10-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Спринтер”, таҳти идораи ронанда, Муҳаммадов Насрулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе тавассути шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, , аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Маҳмадҷонов Саймӯмин Файзуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор бо роҳи худаш ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи “Опел-Астра”, Саидова Розиямоҳ, соли таваллудаш 1938, сокини ноҳияи Фархор дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Маҳмадҷонов С.Ф. ва мусофирони “Опел-Астра” Давлатова Файзинисо Шамсиддиновна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Фархор, Абдуллоев Яҳё Сулаймонович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе ва Абдукаримзода Ризвон, соли тавалллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор ва мусофирони “Мерседес Спринтер”, Назарова Хурсаной Тағайқуловна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Данғара, Назарова Ширинмоҳ Тағайқуловна, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, Саидова Тозагул Лолаевна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор, Имомова Бозоргул, соли таваллудаш 1952, ноҳияи Ҳамадонӣ, Амирова Гулдаста Манбековна, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе ва Холмирзоева Зебо Баротовна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
11-уми августи соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Марк-2”, таҳти идораи ронанда Отабоев Элмурод Шоназарович, соли таваллудаш 1981, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ҳуснободи ноҳияи Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуқурии канори чапи роҳи мошингард чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронандаи Отабоев Э.Ш. ва мусофири дохили мошини мазкур, Абдулҳатов Раҳмоналӣ Бозоралиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ноболиғон: Ҳаётов Кароматулло Элмуродович, соли таваллудаш 2015, Ҳаётов Раҳматулло Элмуродович, соли таваллудаш 2011 ва хурдсол Ҳаётова Умеда Элмуродовна, соли таваллудаш 2019, сокинони пойтахт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
10-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Сафаров Санг Зафарович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, дар роҳи автомобилгарди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ки ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, мошинро аз роҳи асосӣ бароварда, дар канори чапи роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили мошини музкур Юсупова Гулниқош Раҳмоновна, соли таваллудаш 1979, Маҳмадназарова Назира Худойдодовна, соли таваллудаш 2003, хурдсол Муродзода Анасҷон, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Восеъ ва Сафаров Азимҷон, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Муродов Асомиддин Бобоевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 10-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Белта”, Садиков Илҳом Ачилович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шаҳри “Бохтар-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди хурдсол, Шодиев Абдумалик Холбоевич, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Шодиев А.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.


Садамаҳои нақлиётӣ аз “доъиш” гузаронд, ку!Вале, чун тоҷикон худ ибрат намегиранд ва оҳиста намеронанд, “садамаҳо” аз гиребонашон гирифта, пачка-пачка ҳалокашон карда истодааст.