АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА, МУДИРИ “БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО” БОЗДОШТ ШУДААСТ

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдухалил Холиқзода, соҳибкори шинохтаи тоҷик, муассис ва раҳбари бемористони “Ибни Сино” аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст ва аз 7 августи соли 2023 ба ин тараф, инак 4 шабонарӯз боз дар боздоштгоҳи воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад.
Мақомот то кунун ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд, вале манобеипойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 12 август ба шарти набурдани номашон хабар доданд, ки Абдухалил Холиқзода аз ҷониби УБОП (раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона)-и ВКД Тоҷикистон дастгир шудааст ва кормандони мақомот баъди боздошти ӯ китоби баҳсбарангехи ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро аз ҳамаи дӯконҳои китоб ва китобхона барчидаанд.
Як қиссаи дар ин китоб нақлкардаи Холиқзода дар бораи дар Афғонистон мавриди таҷовуз қарор гирифтани як ҷавонзане, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз кӯҳистони Ховалинг ба он сӯи Омӯ фирор кардаанд, ва ҳамин тавр, бардоштҳои Холиқзода дар бораи хулқу атвори намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ахиран баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по карда буд ва як гуруҳи корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва таҳқири намояндагони минтақаҳои дигар айбдор карда буданд. Худи ӯ ин иттиҳомро қатъиян рад карда буд.
Яке аз кормандони шифохонаи “Ибни Сино” рӯзи 12 август дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Сарусадоҳое чарх зада истодаанд, ки мудири шифохонаро ё дастгир кардаанд, ё аз Тоҷикистон гурезондаанд. Ман то чӣ андоза воқеъият доштани ин овозаҳоро тасдиқ карда наметавонам. Вале чанд рӯз боз мешунавам, ки табибони шифохонаи “Ибни Сино” ва дигар кормандон дар ин хусус байни худ пичир-пичир мекунанд. Инро ҳам метавонам тасдиқ кунам, ки ӯ аз 7 август дақиқан сари кор нест”.
Сарусадоҳо дар бораи боздошти Абдухалил Холиқзода дар Душанбе чанд рӯз боз чарх мезад. Рӯзи 11 август яке аз мухолифони ҳукумати кунунӣ Додоҷон Атовуллоев аввалин шуда хабари дастгир шудани мудири шифохонаи “Ибни Сино”-ро дар Фейсбук нашр кард. Ба навиштаи Атовуллоев, ӯ ҳанӯз моҳи июн, дар авҷи баҳси бархоста дар атрофи китоби ёддоштҳои Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” ҳушдор дода буд, ки ба бизнеси ин соҳибкор бархе афроди пурнуфуз чашм ало кардаанд ва ӯ ҳоло ду интихоб дорад: ё моликияташро бо ду дасти абад бароварда бидиҳад ваё сарнавишти Зайд Саидов, соҳибкори хушном ва вазири собиқи саноати Тоҷикистонро, ки 10 сол қабл боздошт ва ба 29 соли зиндон маҳкум шуд, такрор кунад.
Радиои Озодӣ рӯзи 12 август хабар дод, ки китобҳои Абдухалил Холиқзодаро нафақат аз мағозаҳои китоби Душанбе аз фурӯш бардоштаанд, балки, тавре як сокини деҳаи Панҷрӯди Панҷакент, зодгоҳи Холиқзода ба Озодӣ хабар додааст, ҳанӯз рӯзи чоршанбе, 8 август, ҳамагӣ як рӯз баъди боздошти муаллифаш кормандони интизомӣ ҳамроҳи раиси ҷамоати Рӯдакӣ аз китобхонаи деҳа ва китобхонаи мақбараи Рӯдакӣ ва аз сокинони алоҳидаи деҳа ҳудуди 50 китоби Холиқзодаро ҷамъ карда, бо худ гирифта бурдаанд.
“Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки дувумин китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода баъди “Моҷарои рафта” буд, тоза моҳи марти соли 2023 нашр ва рӯнамоӣ шуд. Муаллиф дар ин китоб аз вуҷуди коррупсия дар кишвар ва набуди фазои озоди соҳибкорию сармоягузорӣ интиқод карда, аз ҷумла аз зиндонӣ шудани Маъруф Орипов, асосгузори силсилаи мағозаҳои “Орима” ёдоварӣ карда буд.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи дар Афғонистон таҷовуз шудани ҷавонзан аз Ховалинг ва изҳори назари Холиқзода дар бораи намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бештар баҳсҳои тунд ба по кард.
Абдухалил Холиқзода 20 декабри соли 1966 дар деҳаи Панҷрӯд дар канори шаҳри Панҷакентба дунё омада, риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ӯ аз солҳои 90 ба тиҷорат машғул гардида, соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузорони эронӣ Бемористони Ибни Синоро таъсис дод, ки яке аз муассисаҳои тиббии муътабар дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад.

