ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҲОЛАТИ ДУЗДӢ ВА СЕ ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 12 августи соли 2023
Ошкор гардидани се ҳолати дуздии телефони мобилӣ ва маблағҳои пулӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки 5-уми августи соли 2023, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар Маркази савдои «Корвон» қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 8 плюс» ва 1-адад ҳамён, ки дар дохилаш 10 ҳазор сомонӣ доштааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 14-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус содир намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки соли 2022 бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд. Номбурда, 5-уми августи соли 2023, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми», 1-адад ноутбуки тамғаи «Леново», 1-адад соати дастӣ, 3-адад ангуштарин ва 3-адад ҳалқаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шуд. Номбурда моҳи марти соли 2023, аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Караван», ки ба марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 17 ҳазор сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 11-уми марти соли 2023, ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ масолеҳи сохтмониро ба арзиши 123 ҳазору 514 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода аз ин маблағ 85 ҳазору 514 доллари амрикоиро супорида, боқимонда 38 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи январи соли 2023, марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 6 моҳ маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо маблағи мазкурро то ҳол барнагардонидааст.
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2023, марди 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсиаш тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 375 ҳазор сомонӣ гирифта, автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

