Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҶомеа

РИШТАИ УМРИ ИН МОДАР ДАР ДАСТИ ХАЙРИ МОВУ ШУМОСТ!

Ин модаре, ки дар акс мебинед, Тоҳирова Навбаҳор ном ва ҳамагӣ 46 сол дорад, вале ба бемории хушкшавии гурдаҳо мубтало гардидааст. Барои шифо ёфтан аз ин беморӣ Навбаҳор Тоҳирова ба ҷарроҳии оҷил ниёз дорад.

Ин модар соҳиби ду писар мебошад, вале фарзандонаш наметавонанд дар ин рӯзи сахт дасти модари худро бигиранд ва барои ҷарроҳии модарашон кумак кунанд , зеро  ҳардуи писарҳо дар саффи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат мекунанд.

Шавҳари Навбаҳор Тоҳирова ва хешовандони наздики ӯ то имрӯз ҳама дороияшонро барои табобати  ин модар сарф карданд, вале барои ҷарроҳии ӯ  12 000$ (11 ҳазор доллар барои худи ҷаррҳӣ дар яке аз шифохонаҳои Тошканд ва тақрибан 1000 доллари дигар барои анҷоми ташхисҳо) лозим аст. Ин хонавода чунин маблағи бузургро дар ихтиёр надоранд ва аз ин рӯ, аз ҳамватанони дастбахайр кумак мехоҳанд.

Хоҳари Навбаҳор розӣ шудааст, ки ба ҳайси донор ба ӯ кумак кунад ва ташхисҳои анҷомшуда ҳам нишон додааст, ки гурдаи ӯ ба бадани хоҳараш дуруст мегирад. Ҳоло ҳарду апаю хоҳар дар шаҳри Тошканд, дар шифохона қарор доранд ва чашми умед ба сӯи ҳамватанони дастбахайр дӯхтаанд ва мутмаинанд, ки мардуми тоҷик, ки бо саховат ва ҷавонмардии худ ном баровардаанд, барои наҷоти ҷони ин модар низ кумаки худро дареғ нахоҳанд дошт.

Азизон, бетараф набошед!

Онҳое, ки мехоҳанд барои табобати ин модар кумак кунанд, метавонанд ба ин рақами корти Сбербанк ёрии худро интиқол диҳанд:

Сбербанк

2202200154055139

Сахибджан Кобилович Г

Ин корти Сбербонк ба номи фарзанди хоҳари Навбаҳор Тоҳирова аст. Ҳамоне, ки гурдаи худро ба хоҳараш медиҳад.

Барои маълумоти бештар метавонед ба Соҳибҷон бо ин рақам тамос бигиред:

+7 923 616 1217 (Телеграм)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button