
Департаменти пулиси шаҳри Алма-Атои Қазоқистон аз боздошти се ҷавони тоҷик бо иттиҳом роҳзанӣ хабар дод. Пулис гуфт, ин се ҷавони солҳои таваллудашон 1992, 1995 ва 1996 ба рӯ ниқоб пӯшида, ба хонаи як ҷавонзани сокини Алма-Ато ҳамла кардаанд ва ороишоти тиллоӣ ва телефони ӯро ба яғмо бурдаанд, вале ҷабрдида яке аз онҳоро шинохтааст.
Худи ин дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале Ҷонибек Шинасилов, сардори идораи пулиси ноҳияи Жетисӯ тафсилоти ҳодисаро чунин нақл кард: “Ҷабрдида дар хонааш қарор дошта, дари хонааш кушода будааст. Наздикии соати даҳи субҳ се ҷавони дар даст халтаҳои варзишӣ, дар рӯ ниқоб ва дар сар кӯлоҳ вориди хона шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ ороишоти тиллоӣ ва телефони мобили тамғаи “Айфон 11”ро кашида гирифтаанд. Вале ҷабрдида дар симои яке аз ғоратгарон як шиноси модарашро шинохтааст. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гумонбаршавандагон дастгир шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1992, 1995 ва 1996 мебошанд. Ҳамчунин ба сурати фаврӣ муайян карда шуд, ки ҷинояткорон ба маҳалли ҷиноят савори мошини тамғаи “Лада Приора” омада будаанд. Молҳои ғоратшуда ҳамчун далели шайъӣ ба парванда ҳамроҳ карда шуд. Дастгиршудагон ба ҳабс гирифта шуданд”.
Пулис аз ироаи ҷузъиёти дигари қазия ба далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот худдор варзидааст, вале эҳтимоли дар ин ҷиноят даст доштани афроди дигарро сарфи назар намекунад. Пулис гуфт, барои муайян ва дастгир кардани шарикони дигар дар ин ҷиноят чораҳо андешида мешаванд.
Қазоқистон баъди Русия дуюмин масири бузурги сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин кишвар даҳҳо ҳазор зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Вале дар бораи мавридҳои даст ба ҷиноят задани тоҷикҳо дар Қазоқистон гузоришҳо хеле каманд.




