ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЯК ТОҶИК ДАР ЛЕНИНГРАД БА ҚАТЛИ ЯК ҲАМВАНАТАШ ВА ЗАХМӢ КАРДАНИ 3 ТОҶИКИ ДИГАР ГУМОНБАР МЕШАВАД (ВИДЕО)

Бино ба хабарҳои расида, занозании хунини шоми 7 августи соли 2023 ҳангоми оббозӣ дар як кӯл дар канори шаҳри Всеволожски вилояти Ленингради Русия, дар тақрибан 20-километрии шимолушарқи шаҳри Санкт-Петербург, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани се тоҷики дигаар шуд, байни муҳоҷирони тоҷик рух додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинград рӯзи 10 август аз боздошти як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як ҳамватанаш ва захмӣ кардани се ҳамватани дигараш хабар доданд. Ин ҷавонро тафтишот яке аз сабабгорони занозании хунини шоми душанбеи 7 август дар лаби кӯли Пугарево дар канори Всеволожск мешуморанд. Номи ҷавони дастгиршуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2013 дар Петербург ба сар мебарад ва тиҷорати хусусӣ дошт. Ӯро ҳоло дар тавқифгоҳ маҳкам кардаанд ва масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтанаш дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Қаблан дар бораи боздошти 40 нафар дар маҳалли занозанӣ дар Всеволожск ва аз корду силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштани се нафар – сокини 36-солаи Петербург ва ду шаҳрванди 33-ва 30-солаи Тоҷикистон хабар расида буд. Баъдан маълум шуд, ки як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ки низ дар он занозанӣ маҷруҳ шуда буд, ҷон додааст.

Рӯзи 10 август расонаҳои маҳаллӣ видеои дар маҳалли ҳодиса сабткардаи яке аз шоҳидонро нашр карданд. Дар сабт дида мешавад, ки ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ дар назди кӯли Пугарево бо якдигар ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.

Видео аз маҳалли ҳодисаро метавонед дар ин ду сомона тамошо кунед:

https://lentv24.ru/v-lenoblasti-policiya-zaderzala-40-celovek-posle-gruppovoi-draki-s-ognestrelom-i-nozevym.htm
https://47channel.ru/event/policiya-zaderzala-zacinshhika-draki-u-pugarevskogo-karera

Тавре қаблан хабар додем, шоми 7 августи соли 2023 дар назди карйери Пугорево дар канораҳои шимолии шаҳри Всеволожски вилояти Ленингради Русия бо иштироки даҳҳо нафар, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистон, занозании гуруҳӣ бо кордзанию тирпаронӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, дар ҷараёни ин занозанӣ дастикам се нафар: як сокини Петербург ва ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, 40 нафарро дастгир карда, ба шуъбаи 128-уми пулис бурдаанд.

Всеволожск дар тақрибан 20-километрии шимолушарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шуда, солҳои охир дар ин ҷо авҷи сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ба назар мерасад. Дар ин сохтмонҳо садҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд.

Нашрияи “47-й канал” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки ду нафарро бо захмҳои корду силоҳ ба бемористон овардаанд ва баъдан боз як нафар худаш мустақилона барои кумаки тиббӣ ба табибон муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи манбаи ин нашрия, сокини 36-солаи Петербургро бо захмҳои зиёд дар қисмати шикаму дасту по, аз ҷумла захмҳои силоҳи оташфишон дар қисмати пеши девори шикам, поёни зону ва китфи чап, ҳамчунин захмҳои корд дар қисмати дунбааш бистарӣ кардаанд ва табибон вазъи ӯро миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд.

Шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро бо захми пӯшидаи косахона ва мағзи сар, захмҳои зиёди корд дар қисмати шикаму рӯдаҳо ва қисмати нармии дунба бистарӣ кардаанд. Табибон вазъи ин муҳоҷири тоҷикро вазнин меноманд.

Баъди чанд соати занозанӣ барои кумаки тиббӣ ба бемористон як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ӯро аз қисмати гӯши чап, пошнаи чап ва  зери зонуи росташ  бо корд захмӣ кардаанд. Баъди расондани ёрии тиббӣ ин муҳоҷирро аз бемористон ҷавоб додаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Дар умум 40 нафар дастгир шуда, аз ҷои ҳодиса 4 тир ва 2 корд ёфта, гирифтаанд.

Сабаби муноқиша ҳанӯз рӯшан нест.

Ёдовар мешавем, шаби 31 июли соли 2023 дар натиҷаи занозанӣ байни тақрибан 10 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду ҷавон аз ноҳияи Файзобод Далер Тағоев ва Далер Юсупов бо зарбаҳои корд кушта шуданд. Бо иттиҳоми куштори ҳамватанҳояшон 4 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Сабаби ин муноқишаи хунин байни шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button