ВидеоҶомеа

ТАҚДИМИ МОШИНҲОИ НАВ БА 7 СОКИНИ ДАР САДАМАИ ШАБИ 6 АВГУСТ ЗАРАРДИДАИ КӮЛОБ

Ба 7 сокини Кӯлоб, ки мошинҳояшон дар садамаи пурқурбонии шаби 6 августи соли 2023 хароб шуда буд, аз номи ҳукумати Тоҷикистон мошинҳои нав тақдим кардаанд. Маросими тақдими ин мошинҳо қабл аз зуҳри 9 август сурат гирифтааст. Дар шаҳрдории Кӯлоб  таъкид карданд, ки ба ҳар ронанда ҳамон тамғаи мошине, ки дошту дар ин садама аз даст дод, дода шуд. Аммо шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки мошинҳои аз номи ҳукумат тақдимшуда мошинҳои комилан нав буданд ё дасти ду?

Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба Halva.tj хабар дод., ки “ҳамчунин ба оилаҳое ки наздиконашонро аз даст доданд, маводи ғизоӣ ва беш аз 20 ҳазор сомонӣ ба ҳар як кадом дода шуд”. Дар ҳамин ҳол аз мақомоти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби ҳукумати ин вилоят ва шаҳри Кӯлоб ба осебдидагон ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.Гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 185 ҳазор сомонӣ кумакҳои молӣ ва ғизоӣ буда, 100 ҳазор сомонии дигар барои сохтмони манзилҳо пешбинӣ шудааст.

Шаҳрдории Кӯлоб гуфт, рӯзҳои наздик ба сохтмони хонаҳои нав барои сокиноне, ки хонаҳояшон дар он садама валангор шуд, оғоз мекунанд.  

Ба ҳисоби мақомот, дар садамаи шаби якшанбе 7 мошин ва 3 манзил осеб дидаанд. Дар он садама 11 нафар, аз ҷумла 4 узви як хонавода – модар бо писару духтараш ва келини он оила –  ҷон бохта, беш аз 10 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, шаби 6 августи соли 2023, тахминан соатҳои 19:30, як мошини пур аз бори “Дулан” аз нишебии самти ноҳияи Ш.Шоҳин ба иллати аз кор мондани тормозҳояш бо суръати баланд ҳаракат карда, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар назди бозори “Сомониён” чандин мошинеро, ки дар сари роҳаш пайдо шуданд, пахш кард ва сипас ба манзилҳои канори роҳ бархӯрд. Он 4 узви як хонавода дар яке аз ҳамин манзилҳо ба сар мебурданд.

Ронандаи мошини “Дулан” Шуҳратҷон Эргашов, ки 37 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст, низ дар ҷои садама ҷон додааст. Мақомот гуфтанд, ки ин мошин ба ширкати “Кафолат Содироту Воридот” тааллуқ дошт ва молҳои канселярӣ мебурд. Аммо хабарнигорони нашрияи “СССР” фарзияи молҳои канселярӣ бурдани ин мошинро ба чолиш кашида, баъди боздид аз ҷои ҳодиса хабар доданд, ки дар дохили присепи он “Дулан” халтаҳои семент намудор будаанд.

Ҳамин тавр, бархе манобеъ, аз ҷумла журналистон Рустами Ҷонӣ ва Анора Саркорова ва ҳамчунин радиои Озодӣ (аз қавли яке аз моликони собиқи ширкати “Фароз” Шарофиддин Гадоев) хабар доданд, ки мошини “Дулан”, ки сабабгори садама шуд, бори аз меъёр зиёд дошт ва он ба ширкати “Фароз”, молики кунуниаш домоди президенти Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Мақомот то кунун дар мавриди ин фарзияи гӯё ба ширкати домоди президент тааллуқ доштани мошини “Дулан” шарҳе надодаанд, вале  блогерҳо тарафдори ҳукумати кунунӣ инро рад мекунанд. Аз ҷумла Саъдӣ Маҳдӣ навиштааст, ки “Дулан” ба ширкати “Далер” ё “Далерон” тааллуқ дошта, рабте ба “Фароз” надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Шаҳри 2700-солаи бостонии Кӯлоб ягон “раҳими ғармӣ” надорад? Дар чунин рӯзҳо илова ба “тақдимҳо”-и ҳукумат, ҳамчунин бояд садҳо “раҳим”-и кӯлобӣ пайдо шуда, дасти кӯмак дароз кунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button