Хабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ВАРЗОБ ВА ДУ ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 10 августи соли 2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

003

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 6-уми августи соли 2023, тахминан соати 13:20-дақиқа, бо ҳамдеҳааш марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур баҳсу муноқиша намуда, аз хонаи истиқоматиаш 1-адад кордро гирифта, ду маротиба ба бадани ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда, бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобии алоқаманд бо хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт

155

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми майи соли 2023, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”-ро бо нархи 90 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 15 ҳазор сомониашро дода боқимонда маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми сентябри соли 2023, ба боварии марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаи мазкурро фурӯхта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button