Номаҳо ба президентСиёсатФарҳанг

МАДҲИЯ ДАР ВАСФИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҚЛИД БА “ЛЕНИН, БАРОДАР, РАҲНАМО”

Ҳаким Назар, як узви ҷамъияти собиқадорони ҳифзи сохти конститусионӣ “Сипари ваҳдат”-и вилояти Суғд дар тақлид ба “Ленин, бародар, раҳнамо” – мадҳияи машҳури шоири халқии замони Шӯравӣ Саидалӣ Вализода дар мадҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мадҳия эҷод кардааст. Шеъри Ҳаким Назар рӯзи 10 августи соли 2023 дар гуруҳи фейсбукии  “Сипари Ваҳдат”-и вилояти Суғд нашр шуд.

Саидалӣ Вализода соли 1900 дар деҳаи Чуқурак дар кӯҳистони Ховалинг дида ба ҷаҳон кушода, соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид. Ӯ бо шеърҳои ситоишияш дар васфи давлати Шӯравӣ ном бароварда буд, вале машҳуртарин шеъри ӯ “Ленин, бародар, раҳнамо” буд, ки дар васфи асосгузори СССР Владимир Ленин (Улянов) сурудааст ва дар замони Шӯравӣ ин шеърро дар ҷашну тантанаҳои расмӣ ҳам ба шакли қироат ва ҳам дар зери оҳанг зиёд иҷро мекарданд.

Нақароти мадҳияи Саидалӣ Вализода чунин буд:

Ба ҳукумати мо офарин,

Дар шашяки рӯи замин,

Кард мулки моро нозанин

Ленин, бародар раҳнамо!

Ленин ба мо дилдор шуд,.

 Бар камбағалҳо ёр шуд.

Золим ҳама ҷо хор шуд,.

Ленин, бародар, раҳнамо! 

Мадҳияи Ҳаким Назар бо номи “Марҳабо ба шаҳри Мунк”, ки аз лиҳози маънӣ ва шеърият хеле заифтар аст ва тавре аз номаш бармеояд, дар остонаи сафари рӯзи 20 июни соли ҷории президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинг таълиф шудааст, дар тақлид ба ҳамин мадҳияи Садалӣ Вализода, вале дар васфи Эмомалӣ Раҳмон суруда шуда, аз ҷумла чунин мисраъҳо дорад:

Бар Сарвари мо офарин,

Сулҳофари рӯи замин,

Бинмуд диёраш анбарин,

Волотарин аст раҳнамо!

Бар халқи худ ғамхор шуд,

Бузургтарин меъмор шуд.

Меҳан пок аз ҳар хор шуд,

Роҳат сафед, марди Худо.

…Мо миллати муътабарем,

Ҳам лоиқи ин Сарварем,

Бо Шоҳи хеш ҳамсафарем…

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон дар васфи Эмомалӣ Раҳмон садҳо шеъру достон офарида шуда, даҳҳо китоб рӯи чоп омадааст. Мақомот инро баёнгари ихлосу муҳаббати мардум ба Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд, вале мунтақидон аз авҷ гирифтани парастиши шахси ӯ ҳарф мезананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button