Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ АМАЛҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 9 августи соли 2023 аз боздошти марде хабар дод, ки аксҳои рафторҳои бадахлоқонааш дар Фейсбук нашр шуда, вокунишҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд. Муаллифи ин аксҳо як зани сокини шаҳри Душанбе  буд, ки навишта буд, ин мард дар дохили даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дар пеши чашми кӯдакон олати мардиашро бароварда, ба корҳои бадахлоқона машғул буд. Ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда буд, ки нисбати ҷавони дар расмҳо инъикос гардида, барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқиаш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Муроҷиати ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда буд.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ва прокуратураи ноҳияи Сино як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҷавони дар расмҳо инъикос гардида муайян ва дастгир карда шуд.

“Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Мусоев Тоҳир Қиматуллоевич, санаи таваллудаш 07.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ, тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Зимни бозпурсӣ ва санҷиши наворҳои камераҳои назоратӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино, дар дохили бинои баландошёнаи истиқоматии кӯчаи Борбад, олоти мардии худро бароварда, амалҳои ғайриахлоқиро анҷом додааст”, – хабар дод милитсияи Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ҷараён дошта,  Тоҳир Мусоев дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар бораи ин ки тафтиш бар асоси кадом банди қонун сурат мегирад?, чизе гуфта нашудааст. Худи ҷавони дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Садқаи номи “тоҳир” шавӣ, чунин афрод бояд ба Афғонистон (ҷое, ки конститутсия амал намекунад) бадарға карда шаванд, педафилҳо ҳатто оиладор ҳам бошанд, ба кӯдакон озор мерасонанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button