ДУ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ШАРТИИ ЛИДЕРИ ТОҶИКҲОИ ВОРОНЕЖ БАРОИ САБТИ НОМИ 3 ТОҶИК (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Павлови вилояти Воронежи Асоев Фарҳод, яке аз лидерҳои ҷамъияти тоҷикони ин минтақаро бо ҷурми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ду соли шартии зиндон маҳкум ва барояш ду сол муҳлати озмоишӣ таъйин кард.
Худи Фарҳод Асоев барои шарҳи қазия ҳанӯз дастрас нест, вале хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Павлов хабар дод, ки дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ муайян карда шуд, ки Фарҳод Асоев аз моҳи июли соли 2020 то сентябри соли 2022 будубоши ғайриқонунии се шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламрави Русия ташкил кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Асоев барои дарёфти асноди будубоши ин се ҳамватанаш маълумоти бардурӯғ ироа карда, аз ҷумла онҳоро ба таври қалбакӣ дар манзили зисташ сабти ном кардааст ва дар бораи гӯё падари биологии кӯдакон будани ҳамватанонаш низ маълумоти бардурӯғ додааст.
Дар хулосаи айбдоркунӣ гуфта мешавад, ки ҳадафи Фарҳод Асоев аз ин корҳо боло бурдани обрӯяш дар байни тоҷикҳои Воронеж ҳамчун нафари ҳалкунандаи масъалаҳо ва интихоб шудан ба мақоми раҳбари ҷамъияти тоҷикҳои ин минтақа будааст. Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки Асоев дар воқеъ дар байни тоҷикҳои Воронеж нуфузи зиёд дошт.
Кормандони ФСБ вилояти Воронеж якҷо бо нирӯҳои Росгвардия ва пулиси ноҳияи Павлов Фарҳод Асоевро 14 декабри соли 2022 дар назди бинои Думаи вилояти Воронеж вақте дастгир карданд, ки ӯ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрӣ оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва байни динҳо берун меомад. Асоев ҳамчун намояндаи ҷамъияти тоҷикҳо узви ин Шӯро буд.
Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии РИА Воронеж, дар оғоз ба зидди Фарҳод Асоев бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ин банди қонун барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Вале баъдан парвандаи Фарҳод Асоевро бар асоси қисми якуми моддаи 322.1, ки ҷазояш сабуктар: ҳадди аксар то 5 соли зиндон аст, ҷамъбаст карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Павлов, “дар ҷараёни мурофиа Фарҳод Асоев иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо пазируфт ва хоҳиш кард, ки ҳукми ӯ бар асоси тартиби вижа қабул карда шавад”.
Тартиби вижа дар ивази эътирофи гуноҳ ва ҳамкорӣ бо тафтишот ва додгоҳ содир кардани ҳукми сабуктарро нисбат ба гунаҳкор пешбинӣ мекунад. Ба ин далел, Фарҳод Асоев бо ҳукми шартӣ халос хӯрд. Назари ин лидери тоҷикҳои Воронеж ба ҳукмаш маълум нест ва ин ҳам номаълум аст, ки оё ӯ аз ин ҳукм шикоят хоҳад кард ё хайр? Вале хадамоти матбуоти додгоҳи Павлов гуфт, ҳукми Фарҳод Асоев алакай қувваи қонунӣ гирифтааст.



