ВидеоИқтисодМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОЯШРО БА ФУРУДГОҲИ ЖУКОВСКИЙ БАРҚАРОР КАРДА, БА ҶИДДА ВА АЛМА-АТО ЗИЁД МЕКУНАД

Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 8 августи соли 2023 хабар дод, ки ин ширкат  парвозҳояшро дар масири Душанбе – Москва (фурудгоҳи Жуковский) – Душанбе аз сар мегирад. Аз Душанбе ба Жуковский парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе ва аз Жуковский ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 22:20, аз фурудгоҳи Жуковский 02:00 (шаби чоршанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.

 Парвозҳо дар ин масир аз 15-уми август шурӯъ мешаванд ва дар ояндаи наздик ба ду парвоз дар як ҳафта расонида мешаванд.

 Илова бар ин, “Сомон Эйр” хабар дод, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳояшро аз Душанбе ба шаҳрҳои Ҷидда ва Алма-Ато ва аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Домодедовои Москва афзоиш медиҳад. Аз санаи 17-уми август парвозҳо аз Хуҷанд ба Домодедово ва бозгашт ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Аз 19-уми август бошад, парвозҳо дар масири Душанбе – Алма-Ато – Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе 12:00, аз Алма-Ато 16:00 муқаррар шудааст.

Аз 3-уми сентябр Сомон Эйр парвозҳоро ба самти Ҷидда ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе 21:50, аз Ҷидда 02:50 мебошад.

Ширкат ҳамчунин тасмим дорад дар ояндаи наздик парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе – Махачкалъа – Душанбе роҳандозӣ намояд ва парвозҳояшро аз Душанбе ба шаҳрҳои Самара ва Қазон, ҳамчунин аз Хуҷанд ба Сургут афзоиш диҳад.

 Парки Сомон Эйр аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат буда,  ширкат алҳол парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button