ВидеоИқтисодҶомеа

ЯК ОДАМИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”-РО ДАР ТУРКИЯ ДАСТГИР КАРДА, БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 августи соли 2023 дар бораи дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудани боз як узви гуруҳи “Дилшоди Красавчик” хабар дод.

Дар иттилоияи маркази матбуоти Додситонии кулл чунин гуфта мешавад: “Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 5 марти 1995 (қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст), дар  ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд.Номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят – 24 июни соли 2023 тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Ҷумҳурии Туркия фирор намуда буд”.

Додситонии кул афзуд, ки то имрӯз дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ шахсияти роҳбар ва 15 узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд. ”Амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд”, – гуфта мешавад дар поёни иттилоия.

Додситонии кул қаблан гуфта буд, ки раҳбарии гуруҳи ҷиноятиеро, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабуд, Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”, як корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, бар ӯҳда дошт. Ӯ ва як шарикаш, ба иттилои додситонӣ, баъди рабудану куштани Исматуллоев ба Русия фирор кардаанд. Ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, “Дилшоди Красавчик” ва чанд шарикаш дар яке аз пойгоҳҳои ширкати ҳарбии ЧВК “Вагнер” дар қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ то ҳол дар бораи изи “Вагнер” дар қазияи рабудан ва куштани бонкдори маъруфи тоҷик чизе намегӯянд, вале ба  иттилои манобеи “Бомдод”, аксари онҳое, ки дар ин ҷиноят иштирок доштанд, ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” буданд, ки аз майдони ҷанги Украина барои чанд рӯз барои рабудан ва ғорати дороиҳои Шуҳрат Исматуллоев ба Душанбе омада буданд.

Ин дар ҳолест, ки  бо гузашти инак якуним моҳ аз рабудан ва куштани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев то ҳол ҷасади ӯро пайдо накардаанд.

Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд.

 Ӯро шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, ба як манзил дар деҳаи Шодобаи ҷамоати Чорбоғ бурданд. Исматуллоев соати сеи шаби 24 июн, баъди 7 соати шиканҷа ҷон додааст ва ҷасади ӯро одамрабоён бурда, ба дарё партофтаанд. Ҷасади Исматуллоевро ҳам дар дарёи Варзобу Душанбе ва ҳам дар дарёи Зарафшон ҷустуҷӯ доранд.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гуруҳи муташаккили ҷиноятии Дилшод Саидмуродов нақшаи рабудани Исматуллоевро ҳанӯз моҳи марти соли 2022 кашида буд.Субҳи 24 июн, билофосила баъди бо шиканҷа куштани Шуҳрат Исматуллоев дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд.  

Рӯзи 25 июн Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки дар рабудани Исматуллоев иштироки бевосита дошт, ба Туркия ва аз онҷо рӯзи 30 июн ба Молдова фирор кард. Вале ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва Ашӯров аз тарси ин ки ӯро бозпас мефиристанд туфангчаи марзбони молдованро кашида гирифта, ӯ ва як подполковник аз хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров сипас ҳангоми боздошташ 10 тир хӯрд ва рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.

Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов шиканҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт.

Дилшод Саидмуродов рӯзи 23 июн, яъне ҳанӯз қабл аз рабудани Исматуллоев, фарзандонашро ҳамроҳи дояи онҳо ба Маскав фиристода, худаш субҳи 24 июн, билофосила баъди куштану ба дарё партофтани гаравгон, ҳамроҳи ҳамсари дуюмаш ба Маскав фирор кардааст.  Нашрияи “СССР” хабар дод, ки “Дилшоди Красавчик” аз тарифи толори СИПи фурудгоҳи Душанбе парвоз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи “Бомдод”, ӯро дар фурудгоҳи Маскав ҳамсабақони донишгоҳиаш пешвоз гирифта, ба як пойгоҳи ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина фиристодаанд. Ахиран хабар омад, ки гӯё ӯ қасд дорад аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷики ЧВК “Вагнер” як “баталйони тоҷикӣ” ташкил кунад. Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи мустақил дар шароити ҷанги Украина имкон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дар мавриди Шӯҳрат Исматуллоев бояд на кам аз 5-ҷилд китоб навишт, чун ин як талафоти бузург аст ва худи ӯ низ китобдӯст буд. Ӯ пулро дӯст намедошт, аммо (дигарон, ки халта-халта ё пачка-пачка дар ихтиёраш гузошта буданд) ҳамчун асбоб истифода мебурд, ҳаргиз тамаъ надошт, ба пулу мол дил набаста буд, чунки медонист, ки ба он марҳилаи тахассус расида буд, ки пул думболи ӯст, на ӯ думболи пул. Донишу малакаи ӯро дар диораи *** баҳои аъло дода, борҳо ба ӯ пешниҳод карда буданд, ки муҳофизи доимӣ дошта бошад, аммо баръакс аз ронандаи шахсӣ даст кашида, пойи пиёда ҳам ба кор мерафт меомад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button