ВидеоТоҷикистонҲодиса

НАШРИ РӮЙХАТТИ 10 ҲАЛОКШУДА ВА 13 ЗАХМИИ САДАМАИ КӮЛОБ

ParvizTv рӯйхати фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагони садамаи шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлобро дастрас ва нашр кард:

ФАВТИДАГОН:

1. Бобоназарова Сайёра

2. Сайфова Бебунисо

3. Эргашов Шуҳратҷон

4. Абдуллоев Олимҷон

5. Одинаева М.

6. Гулов Муболшо

7. Нирмадиев Шоҳрӯз

8. Каримов Фурқат

9. Розиқов Аминҷон

10. Ёров Абӯбакр

ҶАРОҲАТБАРДОШТАГОН:

1. Ҷумаев Файзалӣ

2. Ёров Сафаралӣ

3. Бобохонов Алиҷон

4. Сафиев Қурбон

5. Мадина

6. Муминзода Шоҳрух

7. Ахунов Суҳроб

8. Ҳусейнов Ҳусейн

9. Ҷӯраев Бахтиёр

10. Фаридуни Ҷамолиддин

11. Бакиров Хуршед

12. Қурбонов Орзу

13. Мирзоҳусейнов Толибҷон

Аз ин шумор Шуҳратҷон Эргашов ронандаи ҳамон мошини “Дулан” аст, ки аз кор баромадани тормозаш сабаби ин садамаи пурқурбонӣ шуд. Эргашов низ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронандаи “Дулан” 37 сол дошта,  мошинаш пур аз молҳои канселярӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ хабар дод, ки яке аз захмиён рӯзи 7 август дар бемористон ҷон додааст ва ба ин тартиб, шумораи ҳалокшудагон ба 11 нафар расид.  Ба иттилои ин нашрия, дар миёни қурбониёни ҳодиса чанд нафарашон сокинони манзиле буданд, ки як рӯз пеш аз ҳодиса тӯй доштанд.

“Рӯзи шанбе тӯйро гузаронданд ва якшанбе маросими рӯйбинон мегузаронданд. Баъди ин маросим бояд охирон меҳмонон мерафтанд. Дар ҳамин вақт мошини “Дулан” омада ба хона бармехӯрад ва се нафар дар он хона мурданд,” – гуфтаас т як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти Кӯлоб.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷавоне нашр шуд, ки ба гуфтаи сокинон дар рӯзи тӯяш қурбони садама шуд. Аммо ҳамсуҳбатони Озодӣ дар мақомоти шаҳри Кӯлоб ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button