ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СЕ МУОВИНИ ФАРМОНДЕҲИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИРО ИВАЗ КАРД (10 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 августи соли 2023 дар фармондеҳии Сарраёсати қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як силсила тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, тақрибан ҳамаи муовинони фармондеҳи қӯшунҳои марзбониро иваз кард.

Аз ҷумла бо фармонҳои президент  бо далели яксони “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Раҷабзода Насимҷон Холмурод аз вазифаи муовини якуми фармондеҳ ва сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хушвахт Кишваршо Султон аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд озод карда шуданд. Ба кадом “вазифаи дигар” гузаштани Насимҷон Раҷабзода ва Кишваршо Хушвахт маълум нест, вале Ҳикматулло Пиракзода билофосилда бо як фармони дигари президент ба ҷои Насимҷон Раҷабзода  муовини якуми фармондеҳ ва сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ таъйин шудааст. Ҳамчунин бо фармонҳои президент аз 7 август Шоҳвализода Тоҷиддин Саид ба ҷои Кишваршо Хушвахт муовини фармондеҳи КДАМ ҶТ оид ба разведка ва Умарзода Умар Сафар ба ҷои Пиракзода, ки ба вазифаи болотар рафт, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин карда шуданд.

Ин тағйироти ҷиддии кадрӣ дар фармондеҳии қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар пайи як силсила ҳодисаҳои пурсарусадои таҳқиру латтукӯби навсарбозон аз ҷониби кӯҳнасарбозон ва чанд мавриди маргҳои мармузи сарбозон дар қисмҳои низомии нирӯҳои сарҳадӣ сурат гирифт. Ҳамин тавр, қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2022 дар марз бо Қирғизистон, ки талафоти ҷониби Тоҷикистон аз талафоти ҷониби Қирғизистон бамаротиб бештар шуд,  ба далели сатҳи омодагии нирӯҳояш зери оташи интиқодҳо қарор гирифта буд.

Аммо маълум нест, ки тағйироти кадрии рӯзи 7 август ба ин қазияҳо то куҷо рабт дорад?

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки рӯзи 7 август дар дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҷумла сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро фаро гирифта, ба ин вазифаҳои пурмасъулият афсарони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд. Хадамоти матбуоти президент кадрҳои таъйиншударо “афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ва дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда” ном бурдааст.

Бино ба ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 август дар Қасри миллат бо кадрҳои нави дар сохторҳои Қӯшунҳои марзбонӣ таъйиншуда мулоқот карда, бо дарназардошти вазъи печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид кардааст, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ бояд тибқи низом ва санадҳои таъминкунандаи заминаҳои ҳуқуқӣ таъмин гардад ва ҳамагуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф карда шавад.

Хадамоти матбуоташ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон “бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террористиву гуруҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дастурҳои мушаххас додааст”.

Таъиноти кадрӣ  07.08.2023

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори
Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд
озод намудани Пиракзода Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Пиракзода Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№605

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҷабзода Н.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҷабзода Насимҷон Холмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№606

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка
озод намудани Хушвахт К.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Хушвахт Кишваршо Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№607

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Пиракзода Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Пиракзода Хикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№608

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба разведка таъин намудани Шоҳвализода Т.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шоҳвализода Тоҷиддин Саид муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№609

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии
амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори
Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд
таъин намудани Умарзода У.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Умарзода Умар Сафар муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2023
№610

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button