ВидеоТоҷикистонҲодиса

ИЗҲОРИ ҲАМДАРДИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХОНАВОДАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ КӮЛОБ

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 7 августи соли 2023 хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар як иқдоми тақрибан бесобиқа дар робита ба садамаи пурфоҷиаи шоми 6 августи соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу кардааст.  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон то кунун барои он танқид мешуд, ки дар робита ба ҳодисаву фалокатҳои нохуши пурқурбонӣ ба раҳбарону мардумони кишварҳои хориҷӣ изҳори ҳамдардӣ мекунад, вале дар робита ба ҳодисаву фалокатҳои пурқурбонӣ дар кишвари худаш изҳори ҳамдардӣ намекунад. Дар  тӯли солиёни зиёд дар Тоҷикистон ба ягон муносибат рӯзи мотами миллӣ низ эълон нашудааст.

Хадамоти президент ҳамчунин ҳалокати 10 нафарро дар садамаи Кӯлоб тасдиқ кард.

“Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод. Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тавре қаблан хабар додем, Эмомалӣ Раҳмон билофосила баъди садамаи шоми якшанбе, ки ба тасдиқи мақомот, 10 кушта ва 11 захмӣ ба ҷо гузошт, бо як иқдоми камсобиқа вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷойи ҳодиса сафарбар кард.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустӣ ҳалокати 10 нафар ва ҷароҳат бардоштани 11 тани дигарро дар садамаи шоми 6 август дар Кӯлоб тасдиқ кардаанд. Қаблан як пизишки “Ёрии таъҷилӣ” гуфта буд, ки 10 нафар дар ҷои ҳодиса ва 4 тани дигар дар роҳ ба бемористон ҷон додаанд.

 Шарофиддин Рустамов, сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 7 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки 8 нафар дар ҷои ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ҷон бохтанд. Рустамов гуфт, дар миёни фавтидаҳо як кӯдак ҳам ҳаст.

Ба гуфтаи Рустамов, 11 нафари дигар захмҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ӯ вазъи ду нафар аз захмиёнро вазнин арзёбӣ кард.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки шоми ​6 августи соли 2023, соати 19:30-дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан”, дорои ядак (прицеп), рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бино бар сабаби аз кор баромадани тормоз, яъне маҷмӯи боздории  воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашт, ки дар натиҷа, ин садамаи мудҳиш боиси  зарари ҷонӣ ва молӣ шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 6 август дар канори шаҳри Кӯлоб дар назди бозори “Сомониён” як мошини боркаши фураи пур аз бор аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, ба самти муқобили роҳ баромад ва мошинҳоеро, ки аз пеши роҳаш мебаромаданд, пахш кард. Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки мошини боркаш бо суръати баланд ба мошинҳои асосан сабукрав, аз ҷумла мошинҳои мусофиркаш, ки оромона бо роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрда, онҳоро пахш мекунад.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳо аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин тақрибан 20 километр сарнишеб меоянд. Шоҳидон мегуфтанд, ба эҳтимоли ғолиб, тормози мошин аз кор баромадааст ва мошини боркаш зери фишори бори зиёде, ки дошт, аз назорат хориҷ шуда, болои мошинҳои дигар ҳаракат кардааст. Баъдан ВКД ҳам гуфт, ки нуқси техникӣ ва аз кор баромадани тормозҳо сабаби аз назорати ронандааш хориҷ шудани инони идораи ин мошини вазнини пур аз бор шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Дар паҳлӯи қурбониёни садама гуяд:

    Самти 20-километр роҳи “сарнишеб”-ро тағйир бояд дод, вагарна такрори чунин фалокатҳо баъид нест. Аксари роҳҳои Тоҷикистон (ки кишвари кӯҳистонист) “сарнишеб” мебошанд. Нуқтаи дигари муҳим ин, ки БДА бо рейдҳои махсус (муоинаи техникӣ ҷиддитар мешавад) ҳазорҳо ронандаи мошинҳои боркашро бекор намонанд, одилона тафтишу ташхис кунед ва иҷозат диҳед, ки ба корашон идома диҳанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button