ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 30 НАФАР БАР АСАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ҶОН БОХТА, 87 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 46 НОБОЛИҒ ҒАРҚ ШУДААНД

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 475 (соли 2022 – 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ рух дода, аз ин шумор 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондааст.  Ба асари офатҳои табиӣ  дар Тоҷикистон 30 нафар ба ҳалокат расида, 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дидаанд. Маблағи умумии зарар аз офатҳои табиӣ дар нимаи аввали сол дар ҷумҳурӣ 30 миллиону 444 ҳазору 100 сомониро ташкил додааст.

Ҳамин тавр, дар нимаи аввали соли 2023 дар дар рӯду кӯлҳо ва каналҳои Тоҷикистон 87 нафар (соли 2022  84) ҷон бохтаанд.  Аз ин шумор 10 нафар дар ВМКБ, 22 нафар дар вилояти Суғд, 32 нафар дар вилояти Хатлон, 16 нафар дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва 7 нафар дар шаҳри Душанбе ғарқ шудаанд. Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафарашро кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафари боқимондаро шаҳрвандони аз 17-сола боло  ташкил медиҳанд.

Дар нимаи аввали сол имдодгарони КҲФ ба 442 (соли 2022 – 389) даъвати фаврӣ посух дода, дар умум 116 нафарро наҷот додаанд. Охирин амалиётҳои наҷоти анҷомшуда наҷоти кӯҳнавардон аз Беларус, Русия ва Британияи Кабир дар кӯҳҳои Лахшу Поймазори Ванҷ ва Шуғнон буд, ки ҳар се амалиёти бо муваффақият анҷом дода шуд.

Ин арқом рӯзи 5 август дар нишасти хабарии раиси КҲФ Рустам Назарзода ба хабарнигорон ироа карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button