ВидеоТоҷикистонҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДАСТИКАМ 14 НАФАР ДАР КӮЛОБ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 3 ВАЗИР ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО БА ҶОИ ҲОДИСА ФИРИСТОД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми ​6 августи соли 2023, соати 19:30-дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан”, дорои ядак (прицеп), рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бино бар сабаби аз кор баромадани тормоз, яъне маҷмӯи боздории  воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

ВКД дар бораи шумораи қурбониён ягон маълумот надод ва танҳо гуфт, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст. Ва аммо радиои Озодӣ бо такя ба мақомоти тандурустии Кӯлоб дар бораи ҳалокати дастикам 14 нафар хабар додааст, вале мегӯяд, шумори ҳалокшудагон метавонад боз ҳам бештар бошад.

“Даҳ ҷасадро ба сардхона интиқол додем. Чор нафари дигар дар роҳ то беморхонаи марказӣ ҷон доданд. Ҳанӯз як омори дақиқ нест, чун захмиёнро ба беморхонаҳои шаҳр мебаранд ва маълум нест, онҳо дар кадом ҳолатанд,”—гуфтааст як пизишки беморхонаи Ёрии таъҷилии Кӯлоб.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ВКД, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як иқдоми камсобиқа вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷойи ҳодиса сафарбар кардааст.

Тавре қаблан хабар додем, шоми 6 августи соли 2023 дар канори шаҳри Кӯлоб дар назди бозори “Сомониён” як мошини боркаши фура бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромада, чандин мошини дигарро пахш кардааст. Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки мошини боркаш бо суръати баланд ба мошинҳои асосан сабукрав, аз ҷумла мошинҳои мусофиркаш, ки оромона бо роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрда, онҳоро пахш мекунад.

Бино ба иттилои нашрияи “Пайк”, ба ҷои ҳодиса беш аз панҷ мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳозир шудааст ва даҳҳо нафар ба кумаки осебдидагон шитофтаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаши пур аз бор аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, мошинҳоеро, ки аз пеши роҳаш мебаромаданд, зер кардааст.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳо аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин тақрибан 20 километр сарнишеб меоянд. Ба эҳтимоли ғолиб, тормози мошин аз кор баромадааст ва мошини боркаш зери фишори бори зиёде, ки дошт, аз назорат хориҷ шуда, болои мошинҳои дигар ҳаракат кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун!
    Бани одам аъзои якдигаранд,
    Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
    Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
    Дигар узвҳоро намонад қарор.
    Аз номи худ ва аз номи хонаводаи худ ба наздикону пайвандони қурбониёни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб изҳори амиқи ҳамдардӣ ва тасаллият арз медорам. Мо дар ин лаҳзаҳои нохушӣ ғамшарики ҳамаи ғамзадаҳо ҳастем. Аллоҳи меҳрубон гуноҳҳонашонро бибахшад, аз азоби қабр наҷоташон бидиҳад, қабрашонро пурнур гардонад ва биҳишти фирдавсро насибашон гардонад, омин. Ба бозмондагонашон сабри ҷамил, саломатӣ, некуаҳволӣ ва руҳияи болида таманно дорем. Дар ҳаққи фавтидагон дуъои хайрро дареғ надоред, ҷазокаллоҳу хайран касиран!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button