ДАР ШАҲРИ СОЧИ СЕ ТОҶИК ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО ЮҒ ЗАДА, ПУЛҲОЯШРО БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД
Додситонии кишвари Краснонодари Русия рӯзи 5 августи соли 2023 аз анҷоми тафтиши парвандаи се ҷавони тоҷик хабар дод. Бар асоси айбномаи ниҳоӣ, ки додситонии ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи тасдиқ кардааст, ин се ҷавони синнашон 19, 20 ва 26-сола бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Русия ба роҳзании гуруҳӣ тибқи маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз силоҳ (қисми дуюми моддаи 162), боздошти худсарона тибқи маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз силоҳ (қисми дуюми моддаи 127) ва тасарруфи шиносномаи русии ҷабрдида (қисми дуюми моддаи 127) айбдор мешаванд. Ба онҳо барои роҳзанӣ то 10 соли зиндон, барои боздошти худсарона то 5 сол ва барои тасарруфи шиноснома ним соли ҳабс ё то як сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад.
Худи боздоштшудагон ваё адвокатҳо ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин се нафар рӯзи 17 декабри соли 2022 бо баҳонаи зиёфат ва хушгузаронӣ як ҳамватани 41-солаашонро ба манзили аз қабл иҷора гирифтаашон даъват кардаанд. Дар ин ҷо ин марди тоҷикро ба ҷои зиёфату хушгузарони азобу уқубат ва шиканҷа додаанд. Тафтишот мегӯяд, ки ин се нафар бо мақсади тасарруфи пулу моли ҷабрдида нисбат ба ӯ аз зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок истифода бурда, аз ҷумла бо пистолети Макаров ва корди шикорӣ таҳдид кардаанд ва ба гарданаш юғ (хомут) зада, даступояшро бо латта чунон бастаанд, ки аз ҷо ҷунбида натавонад. Баъди ин роҳзанҳо кисаҳои ҷабрдидаро кофта, пулу моли ӯро ба маблағи 680 ҳазор рубли русӣ ва ба далели норӯшане шиносномаи ӯро ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, кашида гирифтаанд. 680 ҳазор рубл бо қурби моҳи декабри соли 2022 баробари қариб 11 ҳазор доллар буд.
Тафсилоти дигари ин қазия ва номи муттаҳамон ва ҷабрдида нашр нашудааст.
Шаҳри Сочи, ки наздики 450 ҳазор аҳолӣ дошта, дар соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир шудааст, яке аз осоишгоҳҳои аз ҳама маъруфи собиқ СССР ва Русияи кунунӣ ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, асосан дар сохтмонҳо, садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти идораи зиндонҳои Русия, дар маҳбасҳои ин кишвар то аввали соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд. Бисёрии онҳо барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират, аз ҷумла барои тақаллуби аснод ва убури ғайриқонунии марз зиндонӣ шудаанд. Тақрибан чоряки маҳбусони тоҷикро дар зиндонҳои Русия қочоқбарони маводи мухаддир ташкил медиҳанд. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки барои ҷиноятҳое, чун дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, бандитизм ва куштор маҳкум ба маҳбас шудаанд.

