Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ мудири собиқи раёсати маорифи ин ноҳияи Иқболи Неъматуллоро, ки ба “доля” бастану гирифтани пора аз мудирони 36 мактаби миёна айбдор мешуд, ба мабалғи ҳамагӣ 68 ҳазор сомонӣ, ё чизе бештар аз 6 ҳазор доллар, ҷарима баста, аз толори додгоҳ озод кардааст.
Радиои Озодӣ, манбаи ин хабар таъкид кардааст, ки маблағи ҷаримаи мансабдори порахӯр Ин маблағ ҳамагӣ 3 ҳазор сомонӣ бештар аз 65 ҳазор сомонӣ маблағҳои собитшудаест, ки Иқболи Неъматулло баробари расидан ба мақоми мудири раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз мудирони чанд мактаб талаб карда, гирифта буд.
Иқболи Неъматулло бар асоси қисми дуюми моддаи 314 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба сӯиистифода аз мансаби давлатӣ айбдор мешуд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш солро пешбинӣ мекунад.
Дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми ҷаримаи мудири собиқи маорифро “дар доираи қонун” арёзбӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки Иқболи Неъматулло аз ин ҳукм шикоят накардааст. Вале бисёриҳо мутмаинанд, ки ин парванда мисли даҳҳо парвандаи дигари порахӯрӣ дар Тоҷикистон “ҳаллу вал” шудааст ва Иқболи Неъматулло барои онки бо ҷарима халос шавад, ҳатман маблағи хеле бештар аз 68 ҳазор сомонӣ ҷаримаашро ба муаллифони ин ҳукми “дар доираи қонун” пардохт кардааст. Аз ин рӯ, ба бовари онҳо, ин манбсабдори порахӯр ҳоло ҳатман шукр мегӯяд, ки бо “шарофат”-и коррупсияи дар ҳоли нашъунамо ба ҷои кунҷи зиндон ба озодӣ расид.
Таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Чунин шеваи “раҳмдилона”-и бархӯрд ба парвандаҳои порахӯрӣ мансабдорони дигарро бебок мекунад, чунки итминон ҳосил мекунанд, ки дар сурати ба даст афтодан мисли Иқболи Неъматулло ё собиқ раҳбари агентии содироти ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода, ки 300 ҳазор доллар пора гирифту 130 ҳазор сомонӣ ҷарима супурда боз шуд, бо ягон ҷаримаи ночиз озод хоҳанд шуд.
Ин дигар масъалаест, ки бояд дар баландтарин сатҳи давлатӣ баррасӣ шавад. Дар бархе кишварҳо барои мансабдорони порахӯр ҳамчун ҷазо ҳукми тӯлонии зиндон ва ба болои он, ҷарима ба маблағи аз 60 то 100 карат бештар аз пораи гирифтаашро ҷорӣ кардаанд. Дар Хитой мансабдори порахӯрро дар сурати ба даст афтоданаш ҳукми қатл ё ҳабси умрбод мунтазир аст.
Иқболи Неъматулло моҳи ноябри соли 2022 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд. Худи ба мақоми мудири маорифи як ноҳияи бузургтарини ҷумҳурӣ таъйин шудани як нафаре, ки кадом вақте як муддат муаллим будаву солҳои охир ҳамчун ронанда дар ширкати “Фавз” кор мекард, суолҳоеро дар бораи бо пул харида шудани ин мансаб аз ҷониби Иқболи Неъматулло ба вуҷуд оварда буд. Аммо Раҳим Саидзода рӯзи 1 августи соли 2023 дар нишасти хабариаш пойфишорӣ кард, ки таъйини ӯ ба мақоми мудири маориф низ “дар доираи қонун” сурат гирифта буд ва “ҳамаи он раванде, ки барои таъин аст, риоя шудаанд ва мо ӯро даъват карда, ҳамсуҳбат шудем ва фаъолияташро дида, ба вазифа таъин кардем.” Аммо вазири маориф шарҳ надод, ки чӣ гуна дар ҳоле ки як шарти таъйин ба чунин вазифа 10 сол таҷрибаи кор дар низоми маориф аст ва Иқболи Неъматулло чунин собиқа надошт, як ронандаро оварда, мудири маориф таъйин кардаанд?
Иқболи Неъматулло баъди ҳамагӣ 4 моҳи кораш дар ин мақом ба даст афтод.
Маркази робитаҳо бо ҷомиаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) шоми 6 марти соли 2023 дар як гузориши вижа дар барномаи “Ахбор” дар ТВ “Тоҷикистон” хабар дод, ки кормандони КДАМ Иқболи Неъматулло, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мудири раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир карданд. Дар гузориш гуфта мешуд, ки Иқболи Неъматулло бо онки тоза 31 октябри соли 2022 бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба мақоми мудири раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуда буд, дар байни ҳамагӣ чор моҳи кораш ба чандин ҷинояти коррупсионӣ даст зада, “ба шаъни корманди соҳаи маориф иснод овардааст”.
Аҷаб он аст, ки тавре худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш нақл мекунад, ӯ баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ дар соли 2013, то соли 2017 дар мактаб ба ҳайси муаллими фанни таърих кор карда, аз соли 2017 то соли 2022, яъне то таъйин шуданаш ба мақоми мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар ширкати “Фавз” … ҳамчун ронанда кор мекардааст.
Як суоле, ки дар зеҳнҳо пайдо мешуд, ин буд, ки вазири маориф ба чӣ далеле як ронандаро якбора мудири маорифи яке аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон таъйин кардааст?
Бино ба ин гузориш, Иқболи Неъматулло эътироф кардааст, ки аз рӯзи аввали кораш дар мансаби мудири маорифи ноҳия даст ба коррупсия зада, тавассути алоқаҳои ҷиноятиаш аз мудирони мактабҳои ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағҳои калон меситонидааст.
Аз ҷумла дар давоми моҳи ноябри соли 2022, Иқболи Неъматулло якҷо бо мудири мактаби миёнаи №182 Назаров Қурбоналӣ, раиси иттифоқи касабаи раёсати маорифи ноҳия Мавҷуда Табарӣ ва муовини мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Раҳимова Маҳбуба бо баҳонаи гузарондан аз аттестатсияи давлатӣ аз мудирони 36 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои миёнаи №№ 182, 66, 65, 173, 123, 36, 51, 120, 180, 174, 46 ва 25 муасссисаи дигар бо сӯиистифода аз мансабаш дар маҷмӯъ 65 ҳазору 700 сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст.
Худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш мегӯяд: “Дар миёнаҳои моҳи декабр ба хотири аз аттестатсия гузарондани мудирони мактабҳо, аз мудири мактаби №182 ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №123 – 2 ҳазор, аз мудири мактаби №65 – 4 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №66 – 5 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №173 – 4 ҳазор сомонӣ гирифтам. Маротибаи дуюм бо миёнаравии раиси иттифоқи касаба аз мудири мактаби №36 – 3 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №51 – 1500 сомонӣ, аз мудири мактаби №180 – 1 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №120 – 1500 сомонӣ, аз мудири мактаби №84 – 1 ҳазор сомонӣ гирифтам. Пеш аз аттестатсия бо миёнаравии муовинам Раҳимова Маҳбуба аз 20 то 25 мудири мактаб дар умум маблағи аз 35 то 40 ҳазор сомонӣ гирифтам”.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар гузоришаш ҳамчунин гуфт, Иқболи Неъматулло таъйиноти кадрӣ дар муасссисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакиро низ дар ивази пора анҷом медод. Аз ҷумла дар асоси маслиҳати пешакӣ аз муовини мудири мактаби №117 ноҳияи Синои ш. Душанбе Шеров Валишер 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро ба вазифаи мудири мактаби №73 таъйин кардааст. Иқболи Неъматулло ҳамчунин аз муовини мудири мактаби № 130 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе Ғолибҷон Тоҷиддинов 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро ба вазифаи мудири мактаби №72 дар ноҳияи Рӯдакӣ таъйин кардааст.
Худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш мегӯяд: “Аз Тоҷиддинов Ғолибҷон аввал 10 ҳазор сомонӣ гирифтам ва баъд фармонашро бароварда, ба вазифа таъйинаш кардам. Аз Шеров Валишер, ки бо ӯ қаблан шинос будам, низ 10 ҳазор сомонӣ гирифта, сипас ӯро ба вазифаи мудири мактаби №73 таъйин намудам”.


Икболи неъматулло хусурбачаи вазири маориф ҳаст.