СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХОВАЛИНГУ ВОСЕЪ ВА ШАҲРИНАВ СЕ КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар байни камтар аз як шабонарӯз: аз шоми 2 август то субҳи 3 август дар қаламрави ҷумҳурӣ – дар Ховалинг, Восеъ ва Шаҳринав – боз 3 садамаи марговар рух дода, боиси ҳалокати 3 нафар – як кӯдаки 8–сола, як ҷавони 20–сола ва як мӯсафеди 71–сола шудаанд.
Аз ҷумла 2-юми августи соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркашии тамғаи «КАМАЗ-6520», Давронов Даврон Сафаралиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб, дар 56-ум километри ҳудуди деҳаи Девдори ноҳияи Ховалинг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, чаппа шуда, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Лақаев Меҳриддин Сафарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ховалинг бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Лақаев М.С. ва мусофираш Раҷабов Тоир Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофирони автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ», Сафаров Хуршед Исоевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб ва Умедҷони Исозода, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Сипас, Сафаров Х.И. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, 3-юми августи соли 2023, тахминан соати 10:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳусайнов Меҳрубон Асомуддинович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Баҳористон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Элмуродзода Сафархон Алӣ, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Муъминободро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Элмуродзода С.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 3-юми августи соли 2023, тахминан соати 08:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Раҷабов Суҳроб Назарович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баротов Бобогадо Ғуломович, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Баротов Б.Ғ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъди 4 соат ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.