ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

НАТТОҚИ МАШҲУРИ ТВ ТОҶИКИСТОН ИЛҲОМ МАҲКАМОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Илҳом Маҳкамов, наттоқи машҳури барномаҳои русии телевизиони Тоҷикистон субҳи 4 августи соли 2023 пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Илҳом Маҳкамов қабл аз намози пешин дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе доир мешавад.

Илҳом Маҳкамов зодаи Душанбешаҳр буда, дар солҳои 90 ба ҳайси наттоқи қисмати русии барномаи “Ахбор”, барномаи асосии шабакаи он вақтҳо ягона ТВ Тоҷикистон маъруфият пайдо кард. Ӯ баъдан дар барномаи “Субҳ”-и ТВ Тоҷикистон масъули таҳияи барномаҳо ба забони русӣ буд ва худашро низ барномаи “Субҳ”-ро гардонандагӣ мекард.

Илҳом Маҳкамов баъдан ба Русия рафта, чандин сол дар канори коргардони шинохтаи зодаи Тоҷикистон Валерий Аҳадов ба ҳайси продюсер дар таҳияи филмҳо кумак кард. Ӯ сипас боз ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол ба ҳайси сардабири шуъбаи тоҷикистонии “Мир”, шабакаи муштараки телевизион ва радиои кишварҳои СНГ кор кард.

Ҳамкоронаш даргузашти Илҳом Маҳкамовро хабаре пурдард ва ногаҳонӣ номида, аз ӯ ба ҳайси як инсони бо ҳама меҳрубон, софдил ва ба тамоми маънояш Инсон ёд кардаанд.

Аз ҷумла журналисти тоҷик Абдуқодир Талбаков навиштааст: “Падруд, дӯсти азизам Илҳомҷон, ёдатон гиромист, то зиндаем…”

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid02vqjPP9bnvWmkDLBDf5Sp5JuBzoQ751AWczbR3g5kY695JaffqtK4UiYs7P6nsF5xl&id=100003819310670

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки низ дар ТВ Тоҷикистон бо Илҳом Маҳкамов ҳамкор буд,  роҳи зиндагии ӯро дар як сӯгворӣ чунин баршумурдааст:

“Илҳом Маҳкамов низ моро тарк гуфт. Нафаре ки барои дӯст ва ҳамкор ҷонашро низ дареғ намедошт. Ӯ дар соҳаи синамо фаъолияти пурмаҳсул дошт, аммо бо пешниҳоди Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба телевизион омад. Барномаҳои иттилоотиро бо забони русӣ омода мекард. Дар як муддати кӯтоҳ маҳбубу машҳури бинандагон шуд. Баъдан роҳбарии идораи субҳро ба ӯ бовар карданд. Дар душвортарин шароит Илҳом тавонист тими пурқувватеро атрофи худ ҷамъ орад. Барномаи субҳ мустақиман пахш мешуд ва ҳаводорони зиёд дошт. Баробари он ки худ низ рӯзе ин барномаро борандагӣ ва омода мекард, барои даҳҳо ҷавонон роҳ кушод ва роҳнамо шуд. Сипас боз ба Ахбор баргашт.Баъдан чанде дар Арсифилми шаҳри Маскав дар таҳияи филмҳо саҳмгузор буд. Боз ба ватан баргашт ва дар ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои Мир фаъолият намуд. То охирин лаҳзаҳои умр ин ҷо заҳмат мекашад. Дар ҳар куҷое ки Илҳом кор накарда бошад, Инсони шарифу дилогоҳ ва муниси ҳамкасбон буд. Ҷоятон ҷаннат бод, бародар ва дусти азиз, Илҳом Маҳкамов.

Ба аҳли хонаводаи Маҳкамовҳо ва ҳамаи аҳли эҷоди кишвар ин талафоти бузургро тасаллият мегӯем.”

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0aSDqxpoDmoyMsHN2Qkkr6zPjYeEkvxaFVeq4SpZFNn7VSySJhdsf1xyiA13t1SpPl&id=100000669833327

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button