ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ВИДЕО: БОЗДОШТИ 4 ТОҶИК БАРОИ КУШТАНИ 2 ТОҶИКИ ДИГАР ДАР ШАҲРИ ЧЕХОВ

Пулиси вилояти Маскав аз боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон  бо иттиҳоми куштори ду тоҷики дигар дар ҷараёни занозании шаби 31 июли соли 2023 дар шаҳри Чехов хабар дод. Исми боздоштшудаҳо нашр нашудааст, вале пулис гуфт, ки онҳо ҳамагӣ ҷавон буда, аз 24 то 30 сол син доранд.  Дар видеое, ки дар Интернет нашр шуд, ин 4 дастгиршуда бо забони шикастаи русӣ баёнот медиҳанд, ки онҳоро дар робита ба занозании хунин дар шаҳри Чехов боздошт кардаанд.

Шаби 31 июл дар як қаҳвахона дар  маркази савдои “Карнавал” дар кӯчаи Земскаяи шаҳри Чехови вилояти Маскав ду ҷавони тоҷик кушта шуданд.  Ҳамаи иштирокчиёни занозанӣ, ки тақрибан 10 нафар баршумурда шудаанд, аз Тоҷикистон буданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, он шаб муноқиша байни зодагони вилояти Хатлон ва ноҳияи Файзобод сурат гирифта, ҳарду кушташуда аз ноҳияи Файзобод будааст.  Далер Тағоев 28 сол дошт ва аз деҳаи Фатҳобод ва Далер Юсупови 31- сола аз деҳаи Мӯъминободи ноҳияи Файзобод будаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қарор буд, ҷанозаҳои ҳарду ҷавони кушташударо рӯзи 3 август барои дафн ба Тоҷикистон биоранд.

Далер Тағоев дар Чехов ба тиҷорати маводи сохтмонӣ машғул буда, ба хотири ин ҳамроҳи бародараш мошини тамғаи “Лада-Самара” харида буд. Ҷасади Далер Тағоев ва ҳамномаш Далер Юсуповро дар назди ҳамин мошинаш пайдо карданд.

Шаҳри Чехов 87 ҳазор аҳолӣ дошта, дар тақрибан 70-километрии ҷануби шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст.

Дар бораи шахсияти дастгиршудагон маълумоти зиёде дар даст нест. Бародари яке аз гумонбарон дар қатли ду муҳоҷир, ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, баъди ҳодиса дигар аз бародараш хабар надорад, чун телефонаш хомӯш аст.

“Вақте ин ҳодиса шуд, ба ман занг заду гуфт, ака, як гуноҳ кардам, маро мебахшӣ. Дигар чизе нагуфт ва телефонаш хомӯш аст. Онҷо чӣ гузаштааст, хабар надорам, зеро ман дар шаҳри дигар ҳастаму вай аз ман дуртар зиндагӣ мекард”,- гуфтааст ӯ.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 31 июл ба 1 августи соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду нафар кушта шуданд. Телеграм-канали “Подъём” хабар дод, ки “бар асоси маълумоти муқаддамотӣ, дар Чехов гуруҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо як гуруҳи дигар дар як қаҳвахона ҷанҷол кардааст. Муноқиша дар қаҳвахона оғоз ёфт ва сипас ҳарду тараф дар кӯча “вохӯрдаанд”. Ду нафар аз иштирокчиёни занозаниро корд задаанд, баъди ин бақия гурехтаанд”.

Телеграм-канали маҳаллии “Чехов. Палата №6” видеои лаҳзаи занозаниро нашр кард ва ҳамчунин хабар дод, ки дар касаба ё микрорайони Губернский ду ҷасадро бо захмҳои зиёди корд пайдо кардаанд. Дар видеоҳое, ки ин ду канал нашр кардаанд, дида мешавад, ки тақрибан 10 нафар дар 5 мошин ба ҷои “вохӯрӣ” омада, мошинҳои худро намоишкорона дар байни роҳ мегузоранд ва сипас бо ҳамдигар дастбагиребон мешаванд.
1 августи соли 2023 Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав хабари занозании хунин ва кушта шудани ду нафарро дар шаҳри Чехов тасдиқ кард ва хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти ин шаҳр дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105, қисми 2, бандҳои “а” ва “ж” бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

 “Бино ба иттилои тафтишот, 31 июли соли 2023 дар роҳи мошингарди кӯчаи Земскаяи шаҳри Чехов байни ду гуруҳи муҳоҷирон муноқиша ба амал омад. Дар ҷараёни муноқиша ба ду нафар захмҳои ҳалокатбори халандаю буранда расонида шуд. Муайян гардид, ки ин ҳодиса дар пайи муноқиша дар як қаҳвахона рух додааст”, – гуфта мешуд дар иттилоияи  тафтишот.

Сабаби муноқишаи хунини байни муҳоҷирон, ки бо марги ду нафар анҷомид, ҳанӯз маълум нест. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то ҳол хабарҳо дар бораи муноқишаи маргбор бо иштироки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Чеховро шарҳ надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button