ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУҶОЗОТИ ДУ РОНАНДАИ МАРШРУТКА БАЪДИ ҶАНГУ КУРТАКАНӢ БАРОИ ЯК МУСОФИР (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2 августи соли 2023 аз боздошти ду ронандаи маршруткаҳои мусофиркашон хабар дод. Дар матни зери видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешуд, ки ин ду ронанда барои як мусофир муноқиша карда, аз гиребони якдигар гирифтаанд. Дар видео дида мешуд, ки куртаи як ронандаро дар баданаш, ба таъбири мардум, лахт-лахт, яъне пора-пора кардаанд.

Худи ин ду ронанда барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилоъи милитсияи пойтахт, санаи 1-уми августи соли 2023, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқишаи ду ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашони тамғаи «Спринтер» нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Кормандони мақомоти милитсия зимни пешбурди як қатор каркардҳои оперативӣ санҷишӣ худи ҳамон рӯз шахсияти ронандагонро муайян ва онҳоро дастгир намуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе мегӯяд: Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Холов Қаҳрамон Идрисович, санаи таваллудаш 27.05.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 8961FF01 ва Хоҷаев Дилшод Худойбердиевич, санаи таваллудаш 17.01.1983, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 5293ОТ01, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд. Номбурдагон санаи 1-уми август, тақрибан соати 16:30 ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломов барои пештар гирифтани мусофир байни ҳамдигар сабқат намуда, ба ҳаракати якдигар халал расонида, ҳолати хатарнокро ба миён овардаанд. Дар натиҷа, бо алфози қабеҳ дар байни шаҳрвандон ҳамдигарро дашном намуда, ҳамзамон якдигарро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд.  Ҳамзамон, нисбати ҳар ду ронанда барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Моддаи 460 барои майдавбошӣ ҳамчун ҷазо аз ҷарима то 15 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад, вале дар иттилоия гуфта нашудааст, ки ин ду ронанда ҷарима шуданд ё ҳабс?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button