ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРГИ ФОҶИАВИИ НАВРАСИ 16-СОЛАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ: МОЕЪИ ШИШАТОЗАКУНИРО ОБ ГУМОН КАРДА, НӮШИДААСТ…

Дар шаҳри Нижневартовски ҳавзаи мухтори Хантию Манси – Югра дар қисмати Шимоли дури Русия як навраси 16-сола аз Тоҷикистон аз заҳри метанол ҷон бохтааст. Дар ин бора рӯзи 3 августи соли 2023 нашрияи маҳаллии НЕФТ бо такя ба манбааш дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, ин наврас дар анбори ширкати “Уралмедьресурс” кор мекард ва ба эҳтимоли ғолиб, моеъи кимиёвӣ барои тоза кардани шишаҳо (стеклоочиститель)-ро об гумон карда, нӯшидааст.

“Ин наврас 16 сол дошта, ҳамроҳи аҳли оилаашон аз Тоҷикистон ба назди бародараш омада буд. Ӯ мехост каме пул кор кунад ва дар анбори ин ширкат ба кор даромад. Ҳангоми интиқоли бастаҳои маҳсулот, як зарфи якунимлитраи моеъ барои тоза кардани шишаҳо аз дохили халта афтодаас ва ин наврас онро об хаёл карда, нӯшидааст. Баъди ин дилаш беҳузур шуда, қай кардааст. Ӯро ба бемористон интиқол доданд ва ӯ дар бемористони кӯдакон ҷон дод”, — нақл кардааст манбаи НЕФТ.

Дар ширкати “Уралмедьресурс” як нафаре, ки худро муаррифӣ накард, хабар додааст, ки дар пайи ин ҳодиса роҳбарони корхонаро барканор кардаанд. Дар раёсати тафтишоти ҳавзаи мухтори Хантию Манси гуфтаанд, ки ба зудӣ дар бораи ин ҳодиса иттилоияи расмӣ нашр мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷанозаи ин наврасро алакай барои дафн ба Тоҷикистон фиристодаанд.  Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Нижневартовск Ориф Бобоев ба хабаргузории УРА.РУ гуфт:  “Дар бораи парванда ягон маълумот дода наметавонам. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ӯ дар онҷо чӣ нӯшидааст? Ҷанозаи ӯро мо алакай ба Тоҷикистон фиристодем. Бачаи хуб буд, алакай ба воя расида буд. Дар вақти таътил пеши бародаронаш меҳмонӣ омада буд…”

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Нижневартовск шаҳри саноатиест бо наздики 300 ҳазор аҳолӣ, ки дар соҳили дарёи Об, дар тақрибан 1400-километрии шимолу шарқи шаҳри Екатеринбург, 1000-километрии шимолушарқи Тюмен ва 220-километрии шарқи шаҳри Сургут ҷойгир шудааст.

Нижневартовск дар канори кони бузурги нафти Самотлор ҷойгир шуда, ба ин далел яке аз марказҳои бузургтарини саноати нафти Русия ба шумор меравад.

Дар Нижневартовск ва асосан дар корхонаҳои саноатии нафт ва ҳамчунин қисман дар бозору сохтмонҳои ин минтақа садҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button