ҶАМШЕД ЮЛДОШЕВ АЗ КОНИБОДОМ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД (2 АКС)

Зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфҷонович Юлдошев дар Украина кушта шудааст. Дар ин бора рӯзи 1 августи соли 2023 дар гуруҳи “Конибодом шаҳри ман!” дар Фейсбук ҳамсинфаш Соҳиба Қодирова бо нашри ду акс хабар дод.
Дар яке аз ин аксҳо марҳум либоси ҳарбӣ ва ҷавшан бар тану хӯд (каска) бар сар ва автомат дар даст дар канори ҷангале сабт шудааст. Акси дуюми акси қабри Ҷамшед Усмонов аст, ки рӯяш гулдастаи мотам (венок) бо рангҳои сафеду сурху кабуд, яъне рангҳои парчами Русия гузошта шудааст.
Соҳиба Қодирова дар бораи кай, чӣ гуна ва дар куҷои Украина кушта шудани ҳамсинфаш маълумоте надодааст. Дар бораи дар куҷо: дар Украина, Русия ё дар Тоҷикистон ба хок супурда шудани Юлдошев низ маълумоте дода нашудааст.
“Мо аз Худоем ва бозгашти мо сӯи Худо аст. Ҳамсинфи азизам Ҷамшедҷон Юлдошев дар хоки Украина ҷон дод. Манзили охираташ обод бошад. Руҳаш шод бошад. Ба аҳли оила, ба фарзандон сабр металабам. Ҳамшаҳриҳои азиз, дуо кунед”, – навиштааст Соҳиба Қодирова.
Бисёриҳо дар зери ин хабар барои марҳум бо талаби ободии охират дуо кардаанд, вале бархе ин суолро гузоштаанд, ки зану фарзандашро партофта, чаро ба як мулки аз мо хеле дуру бегона ба ҷанг рафтааст? Суоли дигар ин аст, ки оё акнун фарзандони ятиммондаи ин марди тоҷикро кӣ саробонӣ мекунад?
Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла овард. Дар оғоз генералҳои рус мутмаин буданд, ки ин ҷанг ҳамагӣ чанд ҳафта тӯл мекашад ва бо пирӯзии бечунучарои артиши Русия ба поён мерасад. Аммо ҷанги Украина инак қариб якуним сол боз давом дошта, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор куштаю захмӣ ба ҷо гузоштааст ва мутаассифона, поёнаш торафт дуртару дуртар мешавад.
То имрӯз садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон барои иштирок дар ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона “амалиёти махсуси ҳарбӣ” меноманд ва барои ҷанг номидани он ҷазо муқаррар кардаанд, сафарбар шуданд.
Дар байни сафарбаршудагон ҳам он тоҷиконе ҳастанд, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ҳам шаҳрвандони худи Тоҷикистон, ки бо умеди зудтару осонтар ба даст овардани шаҳрвандӣ барои рафтан ба ҷанг розӣ шудаанд, ва ҳам даҳҳо маҳбуси тоҷике, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекарданд ва ваъда гирифтанд, ки баъди чанд моҳи иштирок дар ҷанги зидди Украина афв ва озод хоҳанд шуд.
То имрӯз, ба ҳисоби расонаҳои ББС ва “Медиазона”, то миёнаи моҳи июл дар ҷанги зидди Украина аз тарафи Русия аз 47 ҳазор то 55 ҳазор афсару аскар кушта шудаанд. Дар байни онҳо даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла тақрибан 30 маҳбуси тоҷик низ ҳаст.



Дар гугл (Google) тарҷумаи таҳтулафзии ибораи русии “пушечное мясо”-ро ба тоҷикӣ ҷустуҷӯ кардам, маъонии зиёд аз манбаъҳои форсӣ дарёфтам: “фидоии ҷангӣ”, “хӯроки тӯп” (“гушти тӯп”), “ғизои муҳориба”, “лоша-лашкар”, “қурбонии ҷанг”, “тӯъмаи ҷабҳа”, “тӯшаи ҷанг” ва ғайра…Аммо, беҳтарин лафз “пешмарга” буд, ки асосан курдҳо барои як навъ хӯроки миллии худ ва ҳамчунин ба сарбозони фидоии худ истифода мебаранд. Шаҳрвандони “шаҳрвандҷӯ”-и (Россия) Тоҷикистон ба “пеши марг” рафта, “закуска”-и артиши рус мешаванд.
Инна лиллоҳ ва инна илайҳи роҷиъун!
Паёмбар (с) фармуданд: “инсонҳо хобанд, вақте мемиранд, бедор мешаванд” (الناس نيام فإذا ماتوا انتبهوا). Бо марги ҳар як инсон ояти қуръон таҳаққуқ пайдо мекунад: “كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ”Ҳама маргро мечашанд!