Рӯзи 2 августи соли 2023 дар як сохтмон дар ҳудуди деҳаи Кондратовои ноҳияи Перм як коргари тоҷик аз қабати сеюми бино ба шахтаи лифт афтода, ба ҳалокат расид. Нозироти давлатии кори кишвари Перм хабар дод, ки ин фалокат дар майдони сохтмонии ширкати АО “СтройПанельКомплект” рух додааст.
“Дар майдони сохтмонии АО „СтройПанельКомплект“ як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Рӯзи 2 августи соли 2023 андовагар ҳангоми андова кардани шифти қабати сеюми бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Кондратово аз баландӣ ба шахтаи лифт афтод. Дар натиҷа, ӯ ҷароҳатҳои муҳлик бардошта, ҷон додааст”, — хабар додааст Нозироти давлатии кор.
Ин ниҳод афзудааст, ки кормандонаш якҷо бо муфаттишон феълан ба муайян кардани тафсилоти марги ин коргар машғул буда, масъалаи бо ширкати сохтмонӣ қарордоди қонунӣ доштани ӯро низ тафтиш хоҳанд кард.
Деҳаи Кондратово дар канори рӯди Мулянка ва дар қарибии дарёи бузурги Кама, дар марз бо ноҳияҳои Индустриалний ва Дзержинскийи шаҳри Перм ҷойгир шуда, бо тақрибан 15 ҳазор аҳолиаш яке аз бузургтарини деҳаҳои ҳам кишвари Перм ва ҳам тамоми Русия ба шумор меравад.
Бино ба хабари дигар аз Русия, дар шаҳри Назран, пойтахти собиқи ҷумҳурии Ингушистон дар минтақаи Қафқози шимолӣ як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамватани худро корд задааст.
Маркази матбуоти ВКД Ингушистон хабар дод, ки дар пайи бо захми корд аз қафаси синӣ дар бемористони ҷумҳуриявӣ бистарӣ кардани як ҷавони тоҷик кормандони пулис фавран ба ин беморхона ва ҷои ҳодиса рафта, муаяйн карданд, ки байни ҷабрдида ва як ҳамватанаш, ки ҳамроҳ дар як хона иҷора менишастанд, муноқиша бархостааст ва ҷавони 29-сола дуюмиро аз қафаси синааш бо корд захмӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Аммо рӯзи дигар кормандони пулис макони будубоши ҳамлагарро муайян ва ӯро дастгир кардаанд.
Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ба зидди ин ҷавони тоҷик бар асоси қисми якуми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби миёна ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 6 моҳи ҳабс ваё то 3 сол маҳдуд кардани озодӣ, корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддат ваё низ то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар бораи сабаби муноқишаи ду муҳоҷири тоҷик дар Назран дар хабар чизе гуфта нашудааст.

