Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ (!!!) АЗ ДОХИЛИ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС” ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 3 августи соли 2023

Ошкор гардидани се ҳолати дуздӣ

062

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми июли соли 2023, шахсони номаълум аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки дар канори роҳи хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент қарор дошт, 300 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ходиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми июли соли 2023, шабона шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 10 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 63 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 17 ва як ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб

087

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 52-солаи сокини шаҳри Хучанд оғоз карда шуд.

Номбурда, 15-уми майи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ меваҳои хушки намуди себқоқ, мавиз, зардолуи хушк ва ғайраҳоро ба маблаги 168 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ харидорӣ намуда, онҳоро дар Ҷумҳурии Қазоқистон фурӯхта, 46 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 122 ҳазор сомониро то ҳол надодааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button