ВидеоИқтисод

ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ ТО СОЛИ 2013 БА ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ АЗ 1 ОКТЯБР МАНЪ МЕШАВАД

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 2 августи соли 2023 воридоти мошинҳои сохти то соли 2013-ро манъ кард.  Дар қарор ба Хадамоти гумрук дастур дода шудааст, ки якҷо бо ВКД “назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин намояд”.  Манъи воридоти мошинҳои сохти то соли 2013 ду моҳ пас аз нашри расмии ин қарор, яъне аз 1 октябри соли 2023 мавриди амал қарор мегирад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28 июл вазири нақлиёт Азим Иброҳим гуфта буд, қарори манъи воридоти мошинҳои то соли 2023 аз 1 январи соли 2024 ба иҷро медарояд ва тоҷирони мошин то он вақт фурсат хоҳанд дошт, ки харидҳои баъдии худро тибқи ин талаботи нав нақшарезӣ кунанд.

Тоҷирони мошин, ки асосан аз Аврупо ба Тоҷикистон мошин мебаранд, рӯзи 2 август, дар пайи нашри хабари қарори ҳукумат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, алакай аз моҳи октябр амалӣ шудани ин қарор бисёре аз тоҷиронро метавонад дучори варшикастагӣ кунад, чунки дар чунин фурсати кам ба ҷумҳурӣ ворид кардану ба расмият даровардани мошинҳои алакай харидаи тоҷирони тоҷик ғайримумкин аст. Онҳо мегӯянд, чунин шароит коррупсияро дар ниҳодҳои гумрук ва БДА дар ҷараёни ворид кардан, ба расмият дароварданд ва ҳуҷҷатсозии воситаҳои нақлиёти воридкардашуда авҷ хоҳад дод.

Дар шарҳи қарори ҳукумат, ки рӯзи 2 август якҷо бо матни қарор дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки “ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шавад”.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти кӯҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд. “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст. Бо дарназардошти маълумоти дарҷгардида, қабули санади мазкур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад”, – гуфта мешавад дар шарҳи қарори ҳукумат.

Суҳбатҳо дар бораи омодагии ҳукумат ба манъи мошинҳои то соли 2013 чанд вақт боз идома дошт. Бисёре аз тоҷирони мошин мегуфтанд, ки ин ташаббуси мақомот барояшон ногаҳонӣ буд ва бисёре аз мошинфурӯшонро ғофилгир кард.

Як тоҷири мошин ба “Бомдод” гуфта буд: “Соҳибкороне ҳастанд, ки дар Литва то 400 мошини харида доранд. Бархеи дигараш аз 20 то 40 мошин. Беларус бо мошинҳои боркаш интиқол додани мошинҳоро иҷозат намедиҳад. Русия ҳам ғам дода истодааст вақтҳои охир. Вагон намерасад, мардум намедонад, мошинҳои харидаашонро бо кадом роҳ то ба Тоҷикистон расонанд? Агар ин гуна қарор қабул шавад, маҷбурем, мошинҳои харидаамонро майда-майда карда, ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ барем, ки сахт насӯзем”.

Бовар меравад, ки ин тасмим метавонад сабаби боло рафтани нархи мошин, аз ҷумла нархи мошинҳои кӯҳнаи қаблан воридшуда дар бозори мошини Тоҷикистон шавад. Нигаронии дигар аз он аст, ки манъи воридоти мошинҳои то соли 2013 имкони харидани мошинро барои бисёриҳо дастнорас мекунад, чунки нархи мошинҳои баъди соли 2013 дар бозор хеле баланд аст.

Тоҷикистон корхонаҳои мошинсозӣ надорад ва бозори кишвар бо воситаҳои нақлиёт аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Бино ба ҳисобҳо, солона ба Тоҷикистон то 70 ҳазор мошин ворид карда мешавад. Ҳаҷми умумии  бозори мошинфурӯшии Тоҷикистон солона аз 400 то 500 миллион доллар баровард мешавад.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 августи соли 2023 №355
ш. Душанбе

Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти
автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 (мавқеъҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манъ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2018, №41 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Қарори мазкур пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шавад.

Дар ин робита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023, №355 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти куҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст.

Бо дарназардошти маълумоти дарҷгардида, қабули санади мазкур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button