ТОЛИБОН ДАР ҲИРОТ СОЗҲОИ МУСИҚИРО ШИКАСТАНД ВА ОТАШ ЗАДАНД. ОНҲО МУСИҚИРО ҲАРОМ МЕШУМОРАНД (ВИДЕО)

Дар поёни моҳи июли соли 2023 мақомоти ҳаракати тундрави Толибон, ки инак қариб ду сол боз ҳукуматро дар Афғонистон ғасб кардаанд, созҳои мусиқиро дар саросари вилояти Ҳирот дар ғарби ин кишвар ҷамъ оварда, бурда, дар як саҳро оташ заданд. Дар ин бора нашрияи “Ҳашти субҳ” хабар дод. Дар видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки Толибон созҳои мусиқии як навозандаи кӯчагиро низ дар як кӯчаи шаҳри Ҳирот бо табар пора мекунанд.
Мақомоти Толибон оскинонро ҳушдор додаанд, ки нафақат мусиқӣ навохтан, балки гӯш кардани оҳангҳо низ мамнӯъ аст ва касе ки ин муқарраротро риоя намекунад, ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд.
Толибон мусиқӣ ва сурудро омили бадахлоқ шудани ҷавонон ва уфти ахлоқии ҷомиа мешуморанд. Ба ақидаи Толибон, мусиқӣ ва суруд мухолифи меъёрҳои дин ва Шариати дини Ислом аст. Толибон қонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқию додгустарии ба ном “Иморати исломии Афғонистон”, давлати худхондаи худро бар пояи меъёрҳои Шариат бино кардаанд.
Бино ба тафсири уламои толиб, танҳо садои инсон, бидуни оҳанг иҷозат дода мешавад ва он ҳам танҳо дар сурати хондани наъту ношид, яъне таронаҳо дар васфи Худованд.
Дар давраи ҳукумати аввали худ дар солҳои 1996-2001 Толибон даҳҳо навъи фаъолиятҳои ба назар безарареро, ба мисли ба осмон сар додани бодбарак, тамошои сериалҳо, ороиши мӯй ва мусиқиро манъ карда буданд. Ин навъи фаъолиятҳо баъди суқути режими Толибон аз ҷониби эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон дигарбора иҷозат пайдо кард.
Аммо дар пайи ғасби дубораи ҳукумати Афғонистон дар моҳи августи соли 202, ҳаракати тундрави Толибон дигарбора ба сари шаҳрвандон қонунҳои сахт ҷорӣ кард.
Толибон аз ҷумла баъди дубора расиданашон ба қудрат дар Афғонистон дар баробари маҳрум кардани занону духтаронро аз таҳсил, таҳсил ва кор, ҳузури онҳоро дар боғҳои тафреҳӣ ва тарабхонаҳо ва сафарҳои бидуни ҳамроҳии ягон нафари маҳрам низ манъ карда ва ҳамчунин барои кормандони давлатӣ гузоштани риш ва пӯшидани кӯлоҳро амри ҳатмӣ карданд. Моҳи апрели соли 2023 мақомоти Толибон дар вилояти Бадахшон як радиои маҳаллиро танҳо барои онки дар моҳи Рамазон аз он мусиқӣ садо медод, бастанд. Муизиддин Аҳмадӣ, раҳбари идораи иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон гуфт, навохтани мусиқӣ дар моҳи Рамазон “бар хилофи қавонини Иморати исломист”. Толибон ба ном давлати сохтаву худхондаашон дар Афғонистонро чунин, яъне “Иморати исломӣ” ном мебаранд.
Моҳи июн Толибон ба соҳибони тӯйхонаҳои пойтахт, шаҳри Кобул амр доданд, ки дар тӯйҳо аз навохтани мусиқӣ худдорӣ кунанд. Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон гуфт, “дар ҷаласаи баррасии тӯйхонаҳо масъулини вазорати адлия аз соҳибони меҳмонхонаҳо хостанд, ки аз навохтани мусиқӣ ва корҳои хилофи меъёрҳои исломӣ худдорӣ кунанд.”
Қабл аз ин Толибон борҳо аз соҳибони меҳмонхонаҳои арӯсӣ ба таври шифоҳӣ хоста буданд, ки дар тӯю маъракаҳо бо садои баланд мусиқӣ нанавозанд. Аммо ба гуфтаи сокинон, соҳибони ҷашнҳои арӯсӣ дар Кобул ба маъмурони амниятии Толибон барои навохтани мусиқӣ дар шабнишиниҳои худ фидя, ё ба қавли дигар, “доля” медоданд.


Дар Тоҷикистон ҳама шаклҳои суруду мусиқӣ (аз попу ҷазу рэп гирифта то фалаку шашмақому наъту нашид) натанҳо иҷозат дода шудааст, балки мусоидат ва таблиғу ташвиқ ҳам мешавад. Дар муқобил тақрибан ҳамаи шаклҳои ибодат мамнӯъ ё маҳдуд карда шудааст. Журналисте, ки қуръонро ба арабӣ нахондааст, сарфаҳм намеравад, ки ҳаром чист, ҳалол чист! Иқтибос аз қуръон: وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشْتَرِى لَهْوَ ٱلْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍۢ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌۭ مُّهِينٌۭ