
Нашрияи “МК-Московская область” рӯзи 2 августи соли 2023 аз боздошти ду нафари муттаҳам дар куштори ду муҳоҷир дар ҷараёни занозании гуруҳии шаби 31 июл дар шаҳри Чехов, воқеъ дар тақрибан 70-километрии ҷануби шаҳри Маскав, хабар дод. Дар ҷараёни он занозанӣ аз захмҳои корд ду ҷавони тоҷики ҳамном: Далер Тағоев ва Далер Юсупов кушта шуданд.
Маълум шуд, ки нафарони муттаҳам дар қатли онҳо низ ҳодагони Осиёи Марказианд. Пулис онҳоро хеле зуд муайян ва дастгир кард. Хадамоти матбуоти пулиси вилояти Маскав хабар дод, ки дастгиршудагон яке 24 ва дуюмӣ 30 сол доранд.
“Ба зудтарин фурсат иштирокчиёни занозании марговор бозпурсӣ шуда, тафтишот тафсилоти ин ҳодиса ва сабабу ангезаҳояшро муайян хоҳад кард. Дар пайи ин дар мавриди интихоби чораи пешгирӣ дар мавриди дастгиршудагон тасмим гирифта хоҳад шуд”, – гуфта мешавад дар хабар. Вале яқинан, ҳардуро то анҷоми тафтишот ҳабси пешакӣ ва баъдан барои куштани ду нафар ҳукми тӯлонии зиндон мунтазиранд.
Дар бораи Далер Юсупов то ин соат маълумоти муфассале ба даст наомадааст, вале бино ба иттилои дарёфтии нашрияи “МК”, ҳамноми ӯ ва қурбонии дуюми занозании байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехов Далер Тағоев 28 сол дошта, ҳамагӣ чанд вақт пеш ба вилояти Маскав омадааст. Ӯ дар инҷо ба тиҷорати маводи сохтмонӣ машғул буд ва ба хотири ин ҳамроҳи бародараш мошини тамғаи “Лада-Самара” харида буд. Ҷасади Далер Тағоев ва ҳамномаш Далер Юсуповро дар назди ҳамин мошинаш пайдо карданд.
“Дӯстонаш Далерро ҳамчун як инсони хубу меҳрубон тавсиф мекунанд. Ҳамагӣ чанд вақт пеш дар хонаводаи онҳо мусибат рух дода буд – бародари хурдиаш ба иллати беморӣ дар Тоҷикистон даргузашт. Далер ва падару модараш аз даст додани ин ҷигарбандашонро хеле ба сахтӣ паси сар карда буданд”, – навиштааст “МК”.
Яқинан, ин мусибати дуюми паиҳам – марги Далер – қомати падару модари ӯро, ки ҳанӯз ашки чашмашон аз ҷавонмарг шудани як фарзанди онҳо хушк нашуда буд, боз ҳам хамтар мекунад.
Тавре қаблан хабар додем, шаби 31 июл ба 1 августи соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду нафар кушта шуданд. Шаҳри Чехов 87 ҳазор аҳолӣ дошта, дар тақрибан 70-километрии ҷануби шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст.
Телеграм-канали “Подъём” хабар дод, ки “бар асоси маълумоти муқаддамотӣ, дар Чехов гуруҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо як гуруҳи дигар дар як қаҳвахона ҷанҷол кардааст. Муноқиша дар қаҳвахона оғоз ёфт ва сипас ҳарду тараф дар кӯча “вохӯрдаанд”. Ду нафар аз иштирокчиёни занозаниро корд задаанд, баъди ин бақия гурехтаанд”.
Телеграм-канали маҳаллии “Чехов. Палата №6” видеои лаҳзаи занозаниро нашр кард ва ҳамчунин хабар дод, ки дар касаба ё микрорайони Губернский ду ҷасадро бо захмҳои зиёди корд пайдо кардаанд. Дар видеоҳое, ки ин ду канал нашр кардаанд, дида мешавад, ки тақрибан 10 нафар дар 5 мошин ба ҷои “вохӯрӣ” омада, мошинҳои худро намоишкорона дар байни роҳ мегузоранд ва сипас бо ҳамдигар дастбагиребон мешаванд.
Субҳи 1 августи соли 2023 Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав хабари занозании хунин ва кушта шудани ду нафарро дар шаҳри Чехов тасдиқ кард ва хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти ин шаҳр дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105, қисми 2, бандҳои “а” ва “ж” бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
“Бино ба иттилои тафтишот, 31 июли соли 2023 дар роҳи мошингарди кӯчаи Земскаяи шаҳри Чехов байни ду гуруҳи муҳоҷирон муноқиша ба амал омад. Дар ҷараёни муноқиша ба ду нафар захмҳои ҳалокатбори халандаю буранда расонида шуд. Муайян гардид, ки ин ҳодиса дар пайи муноқиша дар як қаҳвахонаи маҳаллӣ рух додааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ. Вале дар хабари расмӣ аз кадом кишвар будани иштирокчиёни занозанӣ гуфта нашудааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва номи кушташудаҳо нашр нашудааст. Сабаби муноқишаи хунини байни муҳоҷирон, ки бо марги ду нафар анҷомид, ҳанӯз маълум нест. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то ҳол хабарҳо дар бораи муноқишаи маргбор бо иштироки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Чеховро шарҳ надодааст.
Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав гуфт, тафтиши ин ҳодиса идома дорад: “Муфаттишон ва криминалистҳо якҷо бо ҳамкорони худ аз Кумитаи тафтишоти Русия ҷои ҳодиса ва ду мошинро аз назар гузаронда, бархе изу ашёро ҳамчун далел гирифтанд. Ду ташхиси дактилоскопӣ (изи ангуштон) ва ду ташхиси тиббию додгоҳӣ гузаронида мешавад. Барои муайян ва боздошт кардани гумонбаршавандагон чораҳо андешида мешаванд”.
Ёдовар мешавем, ки ду сол боз мақомоти Русия муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои гуруҳӣ бераҳмона аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.
Халқи тоҷик чемпиони ҷаҳон оид ба куштори ҳамватан, ин чӣ тоифа аст, ки бештарин зарбаву зарарро ба худ мезанад?! Сесад ҳазор дар ҷанги бародаркушии шаҳрвандӣ кушта шуд, кофӣ нест? Магар хонаҳои мардумро мотамсаро кардан “савоб” аст ё “қаҳрамонӣ”?! Ҳадисе ҳаст, ки фармуданд: “Мард он аст, ки ҳангоми асабӣ шудан, хашми худро “ҳазм” кунад!”