ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР НЮ-ЙОРКИ АМРИКО ҲАНГОМИ ДОДАНИ ПОРА (ВИДЕО)

Шоҳрӯ Алимов, як муҳоҷири 41-сола дар ҳари Ню-Йорки Амрико ҳангоми додани пора ба корманди давлатӣ барои гирифтани рақамҳои педикаб (аробаҳои рикша, як навъ аробаи маъруф барои сайёҳон) дастгир шудааст ва бар асоси айбномаи ба додгоҳи аёлати Ню-Йорк ироашуда ба  сӯиқасд ба додани пора, дараҷаи ду айбдор мешавад. Ба ӯ аз 1 то 3 соли зиндон ва бар илова ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад.

Додситонии минтақаи Манҳеттен рӯзи 31 июли соли 2023 хабар дод, ки ӯ дар аввал ба нозири давлатӣ барои 34 рақам 60 ҳазор доллар пешниҳод кардааст, вале ҳангоми додани 7500 доллар барои 15 рақам ба даст афтодааст.

Шоҳрӯ Алимов аз рӯи номаш аз Осиёи Марказист. Инки ӯ дар каналаш дар Ютуб бештар мусиқиҳои овозхонҳои эрониро гӯш мекунад, баёнгари он аст, ки ӯ ба эҳтимоли ғолиб тоҷики ё Ӯзбекистон, ё Тоҷикистон аст. Ва аммо  Ютуб-канали “Тоҷфар”  хабар дод, ки бино ба иттилои дарёфтиаш Шоҳрӯ Олимов зодаи Тоҷикистон. Дар маълумотномаи сомонаи шаҳдории Ню-Йорк гуфта мешавад, ки Шоҳрӯ Алимов 1 сентябри соли 2022 дар кӯчаи 24-уми минтақаи Бруклини ин шаҳр ширкатеро бо номи “ALIMOV 2022 CORP” таъсис дода буд.

Худи Шоҳрӯ Алимов барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале бино ба фарзияи додситонии Манҳеттен, Алимов, ки худаш ҳам ронандаи педикаб  будааст, рӯзи 10 майи соли 2023 ба  нозири Департаменти ҳифзи истеъмолкунандагон ва коргарони Ню-Йорк (DCWP), ки дар ҳудуди Боғи марказӣ ё Сентрал Парк педикабҳоро аз санҷиши техникӣ гузаронида, ба онҳо рақами махсус барои фаъолияти яксоларо мечаспонид, барои берун аз лотерея гирифтани 34 рақами сабти педикаб 60 ҳазор доллар пора пешниҳод кардааст. Баъдан дар сӯҳбатҳои алоҳида Алимов ба он нозир барои 15 рақам 7500 доллар пули нақд ва барои дар моҳи ноябр барои боз як соли дигар тамдид кардани замони эътибори ин рақамҳо боз иловатан 7500 доллари дигар ваъда додааст.

Дар хабар омадааст, чунин рафтор барои он ронандаҳои педикаб, ки софдилона кор мекунанд, мушкилӣ пеш оварда, ба кори қонунии онҳо халал ворид мекунад.

Нозир, ки корманди шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад ва қаблан давраҳои омӯзишии мубориза бо коррупсияро гузашта буд, оид ба ин пешниҳоди ришва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор ва барои тафтиш ва боздошти Алимов мусоидат кардааст. Департаменти нозирони ҳифзи истеъмолкунандагон ва коргарони Ню Йорк ба ин нозир изҳори ташаккур карда, ваъда додааст, ки ин амали поквиҷдонии ӯ тақдир хоҳад шуд.

Дар натиҷа, аз 17 май то 31 майи соли 2023 таҳти назорати муфаттишон ду вохӯрии нозир бо Алимов ва панҷ занги телефонии вай сабт шудааст, ки дар ҷараёни ин суҳбатҳо Шоҳрӯ Алимов ба  озир барои рақамҳои педикаб пул пешниҳод кардааст. 6 июни соли 2023 Алимов  бо нозири Департаменти нозирони ҳифзи истеъмолкунандагон ва коргарон ва корманди махфии мақомот, ки худро корманди бахши иҷозатномадиҳӣ муаррифӣ карда буд, вохӯрдааст. Алимов ҳамон рӯз дар Уолл Стрит ба корманди махфии мақомот дар ивази 15 рақами педикаб 7500 доллар ришва додааст, вале мақомот, ки ҷараёни ришвадиҳиро назорра мекарданд, дастгираш кардаанд.

Гуфта мешавад, Алимов нақша дошт, ки теъдооди бештари педикабхоро фармоиш дода, ба ин роҳ тиҷорати педикабҳояшро дар шаҳри Ню-Йорк тавсиа диҳад.

Рақами педикаб ё аробаи рикша дар шакли стикер аст, ки баъд аз гузаштани санҷиши техникӣ аз ҷониби нозир ба қисмати пеши ароба часпонида мешавад. Шаҳр дар як сол ба ҳамагӣ 840 педикаб иҷозаи фаъолиятро медиҳад. Ин 840 рақам тавассути лотерея тақсим карда мешаванд ва як нафар ё як ширкати корфармо ҳаққи бурдани танҳо 30 рақам тавассути лотереяро дорад. Бидуни рақами махсус рондани педикаб дар шаҳри Ню-Йорк иҷоза дода намешавад ва он ҷавобгарии маъмуриро дар пай дорад.  Онҳое, ки аз лотерея бенасиб мемонанд, маҷбуранд рақамҳои педикабро бо нархи гарон бихаранд.

Кашондани мусофирон бо аробаҳои ришка ё педикаб дар Ню-Йорк як пешаи пурдаромад ба шумор меравад. Ин бозор феълан асосан дар дасти одагони Туркия, Тоҷикистон ва кишварҳои Африқост.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button