БЛОГЕРИ ТОҶИК “СНИКЕРСЧА” ШАВҲАР КАРД ВА ҲОЛО ҲИҶОБПӮШУ НАМОЗХОН ШУДААСТ (ВИДЕО)

Блогери 19-солаи тоҷик Фотима Қурбонова, ки бо тахаллуси “Сникерсча” ва видеоҳои пур аз дашномаш ном бароварда буд, дар саҳифааш дар Инстаграм навори тӯйи арӯсиашро нашр кард. Маросими ақди никоҳи “Сникерсча” ва ҷавони интихобкардааш рӯзи 30 июли соли 2023 баргузор шудааст ва садҳо нафар ба ин ҷуфти ҷавон орзуи хушбахтӣ, зиндагии ширин ва ба пои ҳам пир шудану соҳиби фарзандони дӯстрӯ шудан кардаанд.
Дар видеои нашркардаи худи блогер дида мешавад, ки ӯ либоси арӯсӣ (фата) бо риояи меъёрҳои мусалмонӣ, яъне бо ҳиҷоб пӯшидааст. Бисёриҳо ба домод барои ин кори савоб, яъне ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ин духтар офарин хондаанд. “Дидед, ки марде хоҳад, ягон чиз пеши раҳашро намегирад”, – навиштааст корбари дигар бо ишора ба собиқаи “Сникерсча”, ки ҳамагӣ чанд моҳ қабл барои паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуда буд.
Канали “Шоу ситораҳо” дар Ютуб хабар дод, ки тӯйи “Сникерсча” дар Маскав баргузор шудааст ва дар он аз ситораҳои шинохта Шабнами Сурайё иштирок доштааст.
Худи арӯс дар бораи шахсияти домод маълумоте надодааст, вале “Шоу ситораҳо” хабар дод, ки ин ҷавони хушсимо хеле тақводор буда, маҳз ӯ баъди ба даст овардани дили “Сникерсча” тавонистааст ӯро ба роҳи дуруст, аз ҷумла ба даст кашидани аз видеоҳои “бемаънӣ”, пӯшидани ҳиҷоб, хондани “Қуръон” ва хондани намоз моил кунад.
“Сникерсча” қаблан бо чеҳраи фотошопшуда зери ягон мусиқӣ мерақсид ваё бо ягон ибораи, ба қавли маъруф, “сексӣ”, вале дар асл бо дашномҳои қабеҳ барои худ ном сохта, кӯшиш мекард, ки бо ҳамин шева таваҷҷуҳи тамошобинонашро ба каналҳои худ ҷалб кунад. Вале чанд моҳ пеш ӯ якбора ҳама он видеоҳои пурдашноми худро аз Интернет пок кард ва дар Инстаграм саҳифаи нав кушода, дар он танҳо видеоҳои ба истилоҳ “бамаънӣ” мегузорад. Дар ин видеоҳо “Сникерсча” ҳамеша бо ҳиҷоб ва баъзан ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш зоҳир мешавад.
Милитсияи Душанбе рӯзи 25 ноябри соли 2022 хабар дода буд, ки блогер Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстонро барои дар Интернет паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, Фотима Қурбонова “бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” даст ба чунин амали , ба ақидаи милитсия, “ғайриахлоқӣ” ва “ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона” задааст.
Худи Фотима Қурбонова, ки бо тахаллуси “Сникерсча” видео нашр мекард, рӯзи 25 ноябр дар пайи нашри хабари ҳабсаш танҳо ҳамин қадар навишт, ки “сабр меваи биҳишт аст, камтараки дигар монд, ҳамаашро мефаҳмед.” Ӯ шарҳи аз ин бештар надод, ки манзураш аз “камтараки дигар монд” чист? Вале аз вокунишҳои корбарон бармеомад, ки бисёриҳо аз ҳабси ӯ пуштибонӣ карда, навиштаанд, ки баъзе блогерҳо аз паси обуначӣ ё “подписчик” давида, меъёрҳои ахлоқии мардуми тоҷикро зери по мекунанд.
Маркази матбуоти РВКД Душанбе навишта буд, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ низ блогероне пайдо шудаанд, ки бо мақсади ҳарчи зиёд кардани обуначиён (подписчикҳои)-и худ наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва ё бо истифода аз суханҳои қабеҳи хусусияти ғайриинсониро, ки ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона аст, ба навор гирифта, тавассути саҳифаҳои худ дар фазои иттилоотӣ паҳн менамоянд.
Аз ҷумла, меафзояд милитсияи пойтахти Тоҷикистон, “муайян карда шуд, ки яке аз чунин блогерон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстон буда, бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез машғул аст. Бо мақсади пешгирии паҳншавии чунин наворҳои ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Қурбонова Ф.А. ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд”.
Милитсияи Душанбе дар пайи нашри хабари ҳабси ин блогер аз шаҳрвандон, алалхусус блогерон хоҳиш карда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ кунанд.

