Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОДАРИ БЕМОРАШРО ТО МУРДАНАШ ЗАДА КУШТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023

Ба ҳалокат расидани марди 52-сола дар натиҷаи латукӯб

154

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бародараш марди 52-солаи сокини ҳамон ҷоро аз ҳисоби бемор буданаш азобу уқубат медодааст, ки дар натиҷа бародараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо ҷурми қаллобӣ нисбати марди қаблан судшуда

146

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 69-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи маҳбасӣ нагаштанаш аз ӯ 280 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Эълон оиди бақайдгирии мотосиклҳо

Ба таваҷҷӯҳи соҳибони ҳама гуна воситаҳои навъи мотосиклҳо (дучархаю сечархаҳо) расонида мешавад, ки таъҷилан ба РБДА ВКД ва Шуъбаҳои бозрасии давлатии автомобилӣ ва ҷузъу томҳои он дар тамоми ҷумҳурӣ омада, мотосиклҳои худро ба қайд гузоранд.

Дар сурати риоя накардани муқаррароти мазкур мотосиклхои ғайриқонунӣ мусодира гардида, нисбати соҳибони мотосиклҳо (дучархаю сечархаҳо) чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button