Ҳодиса

СЕЛ ДАР УРМЕТАН БА 161 ХОҶАГӢ ЗАРАР РАСОНД, РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ИДОМА ДОРАД (2 ВИДЕО+12 АКС)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 31 июли соли 2023 бо такя ба маълумоти комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар дод, ки бар асари сели харобиовари рӯзи 28 июл дар ҷамоати Урметани ин ноҳия 161 хоҷагӣ зарар дидаанд. Аз ҷумла 16 хонаи истиқоматӣ ва 81 ҳавлӣ зери обу гил монда, офати табиӣ ҳамчунин 64 иншооти ёрирасонро низ хароб кардааст.

Бино ба иттилои мақомоти ҳолатҳои фавқулодда, барои кумак ба хонаводаҳои зарардида, ҳамчунин барои тоза кардани лӯлаҳои об беш аз 200 сокини ҷамоати деҳаи Урметан сафарбар гардида, ҳукумати ноҳия барои ин техника ҷудо кард ва рӯзи 19 июл 3 нуқтаи обдиҳӣ дар Урметан барқарор карда шуда, аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ таъмин гардид. Ҳамчунин рӯзи 30 июл дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати Урметан бо ҷалби 5 техникаи махсус ва 270 сокини махаллӣ  роҳҳову ҷӯйборҳои селпарто, роҳҳо ва гирду атрофи хонаҳо аз лою гил тоза карда шуд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳамчун кумаки изтирорӣ барои сокинони зарардидаи ҷамоати Урметан 80 баста рахти хоб – 80 матрас, 80 болишт, 80 кӯрпа, 80 бастаи гигиено ва 80 бастаи ашёву анҷоми ошхона фиристодааст. Ҳамчунин мақомоти шаҳрҳои Истаравшануу Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон барои сокинони зарардида маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орду биринҷу равған, макарон, гӯшти гов, тарбузу харбуза ва кӯрпа кумак кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир, рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати Урметан идома дорад. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Айнӣ якҷо бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки аз дастгоҳи марказӣ ва вилоятии ин ниҳод ба Айнӣ омадааст, ситоди рафъи офатҳои табиӣ таъсис додаанд ва ҳисобу китоби ҳаҷми зарари ба мардум расондаи сел идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button