ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

НАҶОТБАХШОНИ ТОҶИК КӮҲНАВАРДИ ДАР ҚУЛЛАИ СОМОНӢ ДАРМОНДА АЗ БЕЛАРУСРО НАҶОТ ДОДАНД (ВИДЕО+6 АКС)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз анҷоми бомуваффақияти амалиёти наҷоти кӯҳнаварди 36-сола аз Беларус бо номи Дмитрий  Гракович хабар дод. Амалиёти наҷоти ин кӯҳнавард, ки бар асари аз кӯҳ афтидану шикастани се қабурғааш ба кумак ниёз дошт, ду шабонарӯз тӯл кашид.

Бино ба иттилои расмӣ, наҷотбахшон кӯҳнавардро бо чархбол аз Лахш ба Душанбе оварданд. Дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ дар канори пойтахти Тоҷикистон ӯро табибони беморхонаи ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пешвоз гирифта, бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористони “Истиқлол” интиқол доданд. Табибон вазъи ӯро миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки Дмитрий ба наҷотбахшони тоҷик изҳори сипос мекунад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати 11:14 ба қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохуш дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш хабар расид. Гуфта мешуд, ки кӯҳнавард шаҳрванди Беларус Д.Л.Гракович, санаи таваллудаш 30 декабри 1986, сокини шаҳри Минск, ки бар хилофи қоида, мехост ба танҳоӣ ба қуллаи Исмоили Сомонӣ баланд шавад,  ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуда, дар натиҷа, се қабурғааш шикаста ва боз дигар осебҳо ҷисмонӣ бардоштааст.  

Билофосила аз ҳисоби наҷотдиҳандагони пуртаҷриба фавран як гурӯҳи имдодӣ созмон дода шуд. Онҳо бо воситаи чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба майдони “Москвин”, воқеъ дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш равон шуданд.

Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳнавардро пайдо карданд.

Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад,  наҷотдиҳандагон интиқоли кӯҳнаварди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд. 

Дар рӯзҳои охир дар кӯҳҳои Тоҷикистон боз ду кӯҳнавард аз Британия низ дучори ҳодисаи нохуш гардида, муҳтоҷи кумак шудаанд.

Рӯзи 20 июл, соати 15:30  ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 аз тариқи телефони маҳвораӣ  занг зада, хабар доданд, ки ба гуфтаи худашон, бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.

Тибқи дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Дар иттилиояи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз 20 июл гуфта мешуд, ки азбаски расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ба сӯи маҳалли гирифтории кӯҳнавардон ҳаракат кунанд.

Баъди ин дар бораи ба куҷо расидани ин амалиёти наҷо хабари наве нашр шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button