ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН Ё ПОЛША ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАКИ ХУДРО ДАРЕҒ НАДОРЕД!
Гуруҳи фейсбукии Тоҷикони Олмон бо нашри як эълон хабар дод, ки ҷавони 19-солаи тоҷик Саидабдуллоҳи Зуфарзод чанд моҳ боз дар Аврупо: ё дар Олмон ваё дар Лаҳистон (Полша) бедарак шудааст.
Саидабдуллоҳи Зуфарзод шаҳрванди Тоҷикистон, санаи таввалудаш 01.01.2004, моҳи марти соли 2022, дар пайи ҳамлаи артиши Русия ба Украина, аз Украина ба Олмон омада, тақрибан то моҳи ноябри соли 2022 дар Олмон буд ва сипас аз инҷо ба тарафи Полша рафт. Аммо аз ҳамон моҳи ноябри соли 2022 то имрӯз Саидабдуллоҳи Зуфарзод дигар бо аҳли хонаводааш ягон бор тамос нагирифтааст. Охирин тамоси ӯ бо наздиконаш моҳи ноябри соли 2022 аз Полша буд. Телефони дастии Саидабдуллоҳ, ки бо рақамҳои Украина буд, хомӯш карда шудааст.
Дар эълон гуфта шудааст, ки чанд моҳи ҷустуҷӯи бенатиҷаи Саидабдуллоҳи падару модари ғамзадаи ӯро аз пой афканд ва ҳоло онҳо дидаи умед ба сӯи ҳамватанони муқими Аврупо дӯхтаанд, ки барои ҷустуҷӯи ҷигарбандонашон кумаки худро дареғ надоранд.
Аз ҳама хоста шудааст, ки ин эълонро паҳн карда, ба ин васила кумаки худро дар ҷустуҷӯи Саидабдуллоҳи Зуфарзод бирасонанд.
Аз ҳамаи онҳое, ки ин ҷавони тоҷикро дида бошанд, ва ҳамин тавр, аз худи ӯ, агар ин сатрҳоро мутолиа карда истода бошад, хоҳиш мешавад, ки ба падару модари ғамзадааш ақалан хабари зиндаву саломат будани ӯро бирасонанд.
Шумораи падари Саидабдуллоҳи Зуфарзод барои тамос:
+992 988 02 91 60 (WhatsАpp)
Шумо ҳамчунин метавонед бо маъмурони гуруҳи “Тоҷикони Олмон” дар мессенҷер бинависед:
Nizom NJ Ayubjon Odinaev Далер Дустов

