ИқтисодНомаҳо ба президент

ДУШАНБЕ. АСРИ 21. САРГАРДОНӢ ДАР 7 БОНК (!!!) БАРОИ ИНТИҚОЛИ … ҲАМАГӢ 29 ЕВРО

Олими тоҷик Мирбобо Мирраҳим дар саҳифааш дар Фейсбук моҷарои чӣ гуна рӯзи ҷумъаи 21 июли соли 2023 барои интиқоли 29 евро ба Туркия чандин соат саргардон шуданаш дар дари чандин бонк дар шаҳри Душанберо қисса карда,  барои интиқоли ин пули ночиз ба 7 бонк муроҷиат кардану кори худро буд карда натавонистанд як аломати рӯшани аҳволи низоми бонкии Тоҷикистон номидааст.

Мирбобо Мирраҳим менависад, соати ҳашти субҳи 21 июл ҳамроҳи наберааш барои ирсоли ҳамагӣ 29 евро пул ба Туркия аз тариқи шабакаи “Юнистрим” аз хона берун шуд.

Онҳо нахуст ба шуъбаи “Бонки Эсхата” дар хиёбони Бухоро муроҷиат кардаанд.  Давоми қисссаро аз забони худи Мирбобо Мирраҳим мешунавем:

“Посухи корманди он комилан мантиқӣ буд ва ман дарк кардам, ки рост мегӯяд, зеро ин бонк ҷавози (иҷозатномаи) интиқоли пул ба хориҷ аз кишварро надоштааст.Аз он ҷо ба интиҳо ё оғози хиёбони Бухоро, бахши “Амонатбонк”, ки дар гӯшае-ошёнаи якуми (ҳамкаф) сохтмони Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ-славянӣ (РТСУ) ҷой гирифтааст, рафтем ва дархости интиқоли пул ба Туркия (ба рӯзбакии онҳо “Туртсия) аз сомонаи “Юнимстрим” кардем. Посух рад буд ва далелаш ҳам моро сахт ба тааҷҷуб овард:

-Мо пас аз соъати панҷ (яъне 17:00) ба кори интиқоли пул мепардозем. Шумо пас аз соъати панҷ биёед. Беҳтар аст ба шӯъбаи “Амонтабонк” дар наздикии мактаби №8 равед…

Ин посух маро боз аз он ҷиҳат “хушҳол” кард, ки соъати кории бонк то соъати 17:00-ро нишон медод ва рафтан ба сари хиёбони Исмоили Сомонӣ дар чунин вазъи ҳавои хоколуд барои мо душвор…”

Аз ин рӯ, бобою набера рафтанд ба шуъбаи “Алиф-бонк” дар кӯчаи Мирзо Турсунзода (сероҳаи кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ).  Идомаи моҷаро боз ҳам аз забони худи Мирбобо Мирраҳим:

“Он ҷо дар даромадгоҳ пас аз суолоти зиёде аз мо ва баррасӣ дар роёнаи хеш ба зерзамин (ба рӯзбакии худашон: “подвал”) фиристоданд. Хазинадори шумораи 15 барои фиристодани маблағи ночиз шиносномаи фиристанда ва ҳузури шахсии ӯро дар анҷоми ин кор зарурӣ донист. Мо дар ҳайрат шудем, ки барои анҷоми як чунин кори майда ин қадр дамбӯқигарӣ ба чӣ дард мехӯрад? Хулоса, кор анҷом нашуд ва аз он ҷо ба бозори “Меҳргон” рафтем, ки наздиктарин шуъаби бонкҳои “Ориёнбонк” ва “Амонатбонк” дар ошёнаи дуввуми он қарор дорад. Он ҷо низ ба доди мо нарасиданд…

Билахира, навбат расид ба “головной”-и “Ориёнбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ. Дар он ҷо ба мо фаҳмонданд, ки ба бахши интиқоли маблағҳо, ки дар бинои канори сохтмони аслӣ ҷой гирифтааст, муроҷиъат намоем. Дар бахши интиқоли маблағҳо ба мо гуфтанд, ки “системаи (яъне сомона ё низоми бонкӣ) мо евро қабул намекунад. Фақат доллар лозим”.

Ниҳоят, ба машварати қаблии бахши дар сохмони Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ-славянӣ мавҷуд буда, амал карда, ба шӯъбаи “Амонатбонк”-и воқеъ дар сари хиёбони Исмоили Сомонӣ сар задем ва онҳо ҳам дасти тағобун ба ҳам заданд, ки танҳо дар “головной”-и “Амонатбонк”, ки наздикии наздикии меҳмонсарои “Авасто” қомат афрохтааст, интиқоли евро мумкин аст.

Ин буд қиссаи низоми бонкии мамлакати ҷоноҷони мо, ки дар шаш бахш ва як “головной”-и (дар кулл ҳафт) он коре барои мо ба сомон нарасид ва масхарае беш набуд, ки танҳо дарди сари мо зиёд шуд. Тасаввур кунед, ки ду нафар барои интиқоли ҳамагӣ 29 еврои лаънатӣ ба Туркия дар маркази Тоҷикистон, ки “нофи Замин” шудааст, аз соъати ҳашти пагоҳӣ то соъати дувоздаҳи рӯз бидаванд ва коре анҷом нашавад. Ба баҳонаи пешгирӣ аз ришвахорӣ ва боз даъвои “шуморавӣ” сохтани низоми бонкӣ салларо ба ҷойи калла бар сар гузоштанд ва тафохур ҳам доранд, ки дар асри ХХ1 ба сар мебаранд”.

Мирбобо Мирраҳим менависад, ҳоло дар Тоҷикистон агар корти бонкӣ надорӣ ва ё дигар корте ҳеҷ хадамот дар бонк барои шумо анҷом намедиҳанд, ҳатто пардохти пули барқу об ва андоз.

“Аҷаб нест фардо талаб кунанд, ки гӯрпулӣ ҳам аз тариқи корти бонкӣ бо муроҷиъати шахсии фавтида анҷом дода шавад! Чаро барои интиқоли 29 евро бояд худи шахси фиристанда дар бонк ҳозир шавад?! Магар барои пули ҳалоли худ низ бояд шоҳид шавад?! Дар кудом дунё барои интиқоли ҳамагӣ 29 евро ба ҳафт бонк муроҷиъат мекунанд ва ҳеҷ бахше аз бонкҳо кореро анҷом намедиҳад?! Магар системаи интиқоли пулии шумо танҳо бо доллар аст ва агар касе евро фиристодан бихоҳад, ин намози бенамозии системаи бонкии шумо қазо мешавад ва мемурад ё нафасгир мешавад?!”- менависад ин олими тоҷик пас аз соатҳои саргардонӣ дар дари 7 бонк барои интиқоли ҳамагӣ 29 евро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button