Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ОЛАМБЕГИМ БАРОИ ФИРЕБИ САВДОГАРИ “САОДАТ” БА МАБЛАҒИ 209 ҲАЗОР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.07.2023

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

03

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2022, дар назди маркази савдои «Саодат»-и пойтахт ба бовариаш «Оламбегим» ном шахс даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ як миқдор пойафзолҳоро гирифта ваъда додааст, ки маблағҳояшро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 209 ҳазору 531 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир гардид.
Номбурда, соли 2016 ҳангоми дар маҳаллаи Ҷӯйибодоми ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button